Wednesday, December 4, 2024
No menu items!
HomeХабарҳоТАЪРИХИ МО ЗОЛИМТАР АЗ РАҲМОН НАДОНАД

ТАЪРИХИ МО ЗОЛИМТАР АЗ РАҲМОН НАДОНАД

МУРОҶИАТИ ШАРОФИДДИН ГАДОЕВ, РАҲБАРИ ҶУНБИШИ “ИСЛОҲОТ ВА РУШДИ ТОҶИКИСТОН” ДАР МАВЗӮИ ТАҶЛИЛИ “РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

16 ноябри 1994 Эмомалӣ Раҳмон чун президент қасам ёд кард. Парлумон соли 2014 ин санаро рӯзи президенти Тоҷикистон пазируфт ва режим аз он ҷашни бошукӯҳ сохт.

Ин рӯз барои тарафдорони Раҳмон мӯҳим аст, аммо барои озодихоҳон ва дигарандешон як санаи торик ва ваҳшатзо мебошад.

Ин таҷлил аз қудрате ҳаст, ки зиёда аз се даҳсола бар тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванди Тоҷикистон метозад.

Ҳар рӯзе, ки ба президентии Раҳмон меафзояд, аз умри шоистаи ҳазорҳо шаҳрванд кам мешавад.

Тоҷикистон ҳоло ба як гуристони бузурги демократия табдил ёфтааст. Қариб ҳар лаҳза як фикри бедор саркӯб мешавад, маҳв мегардад.

Тоҷикистон зери ҳукми диктаторе қарор дорад,ки Осиёи Марказӣ бадтар аз ӯро намешиносад ва сарзамини ман, золимтар аз ӯро дар таърихи худ надорад.

16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд бо таҳдиди қатл депутатҳо парлумон Эмомалӣ Раҳмоновро Раиси Шурои Олии Тоҷикистон интихоб карданд, ки роҳбари давлат дониста мешуд.

Сенарияи ҷаласаи шаҳри Хуҷандро хадамоти махсуси Русия ва Ӯзбекистон навишта буданд. Рафти кори онро гурӯҳи мусаллаҳи “Фронти халқӣ” ва сарбозони ниҳодҳои махсуси ин ду давлат “назорат” мекарданд.

Депутатҳоро водоштанд ба тарафдории қароре овоз бидиҳанд, ки фикри онҳо ва интихобкунандаҳои онҳоро таҷассум намекард.

Дар асл, дар ҷаласаи он рӯзи парлумон, ки чун “сесияи 16 ум” машҳур аст, дар Тоҷикистон табадуллоти давлатӣ ва ғасби қудрат ба вуқӯъ пайваст.

“Фронти Халқӣ”, ки роҳбарони он аз олами ҷиноӣ буданд, бо пуштибонии Раҳмон ҳақи комил бар куштори мардуми осоишта ба даст оварданд. Дар тамоми Тоҷикистон шурӯъ ба табъиз ва таъқиби мардуме карданд, ки бо ақида ва эътиқодоти худ аз онҳо фарқ мекарданд, тарафдори онҳо набуданд.

Тоҷикистон хонаи зулму терор гардид.Аз соли 1992 то 1997 сарбозони ваҳшатзадаи режими Раҳмон ҳар куҷо як озодандеш, рушанфикр ё дигарандешро дучор омаданд, куфтанду куштанд.

Ҳанӯз мавзӯи кушторҳои дастаҷамъӣ дар ин солҳо мавзӯи табу дар Тоҷикистон аст. Чунки дастандаркорони он баландтарин мақомҳои давлатиро соҳибанд.

Инҳо як саробе бо номи ҷомеаи демократӣ барои фиреби назарҳо сохтаанд, аммо воқеияти як ҷомеаи шаҳрвандиро аз беху бун барои даҳссолаҳо барандохтанд.

Сарзамини ман дигар ба мулки хонаводаи Раҳмон табдил ёфтааст.

Бо саркубӣ, таҳдид ва фишор режими Раҳмон ҳақи шаҳрванд буданку аз неъмати он баҳравар шуданро аз миллати ман гирифтанд.

Журналистонро зиндон мекунанд, мухолифонро мекушанд ва ақрабои онҳо зери фишорҳои сахт қарор доранд.

Баёни фикр дар кишвари ман, ҷурм аст. Мардум ояндаи худро интихоб намекунанд, онро таъин кардаанд.

Ин ҳама ба амру дастури як нафар сурат мегиранд, он ҳам президент Раҳмон аст, ки имрӯз ба қудрат расиданашро ба ҷашни миллӣ табдил додааст.

Ҳамон шахсе, ки мехоҳад бо ворисӣ кардани қудрат, таҳдиду таҳқиру табъизро дар Тоҷикистони мо пойдор нигаҳ дорад, то ин кишвар фақат ниёзҳои хонаводагии Раҳмонҳоро бароварад ва мардуми Тоҷикистон ормони озодиашонро фаромуш кунанд.

Тоҷикистониҳои азиз!

Нагузоред аз фарзандонатон ояндаи бошукӯҳ ва пур аз саодатро бигиранд, онҳоро ба мавҷуудҳои гунгу тобеъ табдил бидиҳанд.

16.11.2024
Амстредам

    RELATED ARTICLES

    Most Popular

    Recent Comments

    Discover more from Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон

    Subscribe now to keep reading and get access to the full archive.

    Continue reading