Ҷаноби Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико!
Ҷунбиши “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” пирӯзии Шуморо дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико табрик мегӯяд.
Шумо дар лаҳзаи душвор ва масъулона, ки метавонад масири таърихи ҷаҳонро тағйир диҳад, мақоми олии давлатӣ гирифтед.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро чун мудофеъи арзишҳои демократӣ ва кафили суботи ҷаҳон мешиносем.
Умедворам, бо роҳбарии Шумо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамин рисолати муҳими таърихии худро идома медиҳад, ба вижа дар манотиқе, ки ниёз ба ҳимоят доранд.
Мутмаинам, ҳимояти ахлоқӣ ва дипломатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кӯмаки муҳиме ба суботи минтақавӣ ва ҳифозат аз ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳад буд.
Саодат ёри мардуми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бод!
Бо эҳтиром Шарофиддин Гадоев
раҳбари ҷунбиши “Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон”
Амстердам, Нидерландия
06 ноябри соли 2024