Saturday, January 18, 2025
No menu items!
HomeХабарҳоТабрикоти Шарофиддин Гадоев ба Аълоҳазрат Карим Оқохони IV

Табрикоти Шарофиддин Гадоев ба Аълоҳазрат Карим Оқохони IV

Ба ҳузури мубораки
Аълоҳазрат Шоҳзода Карим Оқохони IV

Муҳтарам Аълоҳазрат,

Бо камоли эҳтиром ва самимият мехоҳам Шуморо бо рӯзи мавлуди мубораки Шумо табрик намоям.

Шумо на танҳо як пешвои рӯҳонӣ, балки шахсияти бузург ва таърихие ҳастед, ки тавассути кӯшишҳои худ роҳи зиндагии миллионҳо одамонро дар саросари ҷаҳон тағйир додаед. Дар Тоҷикистон, дар солҳои душвори Ҷанги шаҳрвандӣ, кӯмакҳои башардӯстона ва дастгирии стратегии Шумо наҷоти ҳазорон ҳамватанони мо гардид. Кӯмакҳои таъҷилии бунёди Оқохон барои мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар он замон аз буҳрони ғизо ранҷ мебурданд, ҳамчун саҳифаи равшан дар таърихи башарӣ боқӣ мемонад.

Сохторҳои таҳти роҳбарии Шумо пас аз он ҳам дар барқарорсозии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон нақши муҳим бозиданд. Бунёди мактабҳо, муассисаҳои тиббӣ ва таъмин намудани деҳаҳои дурдасти кишвар бо оби тозаи ошомиданӣ намунаи равшани рисолати башардӯстонаи Шумо мебошад.

Шумо барои мардуми Тоҷикистон на танҳо як роҳнамои рӯҳонӣ, балки ҳам як шахсияти бузурги таърихӣ ҳастед, ки нақши Шумо дар таъмини субот, рушди фарҳанг ва ҳифзи ҳувияти миллии мо бебаҳо аст.

Бо самимият ва эҳтироми афзун, ба Шумо саломатии комил, умри дароз ва барори кор дар идомаи ин рисолати бузурги худ таманно дорам.

Бо эҳтироми баланд,
Шарофиддин Гадоев
Роҳбари Ҷунбиши «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон»
13 декабри соли 2024

RELATED ARTICLES

Most Popular

Recent Comments

Discover more from Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон

Subscribe now to keep reading and get access to the full archive.

Continue reading