Friday, November 1, 2024
No menu items!
HomeДар бораи моИзҳоротИзҳороти расмии Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон оид ба ҳукми Сӯҳроб Зафар...

Изҳороти расмии Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон оид ба ҳукми Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов

Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон ҳукмҳои беадолатона ва ғайриқонунии содиркардаи Додгоҳи шаҳри Душанбе алайҳи Сӯҳроб Зафар – раҳбари “Гурӯҳи 24”, ва Насимҷон Шарифов, узви ҳамин гурӯҳро, ки мутаносибан ба 30 ва 20 соли зиндон маҳкум шудаанд, қотеона маҳкум менамояд. Мурофиа паси дарҳои баста, бе иштироки вакилони дифоъ, аъзои оила ва рӯзноманигорон баргузор шуда, бори дигар набудани низоми мустақили додгоҳиро дар Тоҷикистон ва табдили адолат ба воситаи интиқоми сиёсӣ аз мухолифони режими Эмомалӣ Раҳмонро нишон медиҳад.

Ин ҳукм аз даҳшатафканӣ ва фишороварии пайвастаи ҳукумати Тоҷикистон барои саркӯби мухолифини сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Чунин амалҳо исбот мекунанд, ки ҳукумати Тоҷикистон барои нигоҳ доштани қудрат ба ҳар роҳу восита омода аст, ҳуқуқи инсонро пайваста вайрон намуда, меъёрҳои қонунҳои байналмилалиро нодида бигирад. Маҳкум шудани Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов ҳукми сиёсӣ мебошад, ки бо мақсади хомӯш кардани садот муборизин барои озодии баён, ислоҳоти сиёсӣ ва адолат дар Тоҷикистон равона шудааст.

Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон таъкид мекунад, ки ин фишоровариҳо на танҳо алайҳи фаъолони мазкур, балки алайҳи тамоми ҷомеаи бедори Тоҷикистон равона шудаанд. Саркӯби озодии баён ва фаъолони ҷамъиятиву сиёсӣ як қисми маъракаи густурдаи режими Раҳмон барои аз байн бурдани ҳар гуна ҳаракатҳои мустақил ва ислоҳотхоҳ мебошад. Мурофиаи Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов на танҳо як амали қасосгирӣ, балки кӯшиши комил барои пахш кардани ҳар гуна муқовимати сиёсӣ ва иҷтимоӣ мебошад.

Ҳамзамон, Ҳукумати Тоҷикистон пурра масъули дуздии ин фаъолон аз қаламрави Ҷумҳурии Туркия ва истирдоди баъдии онҳо ба Тоҷикистон мебошад, ки ин амалҳои равшани поймол кардани меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқӣ башар мебошанд. Пас аз дуздида шудан, онҳо мавриди шиканҷа қарор гирифта, аз ҳуқуқи мурофиаи одилона, ҳимояи ҳуқуқӣ ва эҳтироми шаъну шарафи инсонӣ маҳрум шудаанд. Ин амалҳо мухолифи меъёрҳои бунёдии ҳуқуқи байналмилалӣ мебошанд, аз ҷумла:

  • Моддаҳои 6, 9, 10, 11, 19 ва 21, Эъломияи Умумии Ҳуқуқи Башар;
  • Моддаҳои 9, 14, 19, 25 ва 26 , Паймони Байналмилалӣ оид ба Ҳуқуқҳои Шаҳрвандӣ ва Сиёсӣ.

Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват мекунад, ки ба ин поймолкуниҳои равшани ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон фавран вокуниш нишон диҳад. Мо талаб мекунем, ки созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, САҲА, Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Amnesty International ва Human Rights Watch, таҳқиқоти мустақилро дар робита ба парвандаи Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов анҷом диҳанд ва фишорро ба режими Раҳмон барои озодии фаврии тамоми зиндониёни сиёсӣ афзоиш диҳанд.

Ҳамчунин, мо аз Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо даъват мекунем, ки алайҳи Эмомалӣ Раҳмон барои поймолкунии ҷиддии ҳуқуқи инсон ва ҷиноят алайҳи башарият таҳримҳо ҷорӣ кунанд ва мурофиаҳои марбут ба ин ҷиноятҳоро дар Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ оғоз намоянд, то мансабдорони баландпояи ҳукумати Тоҷикистон барои ҷиноятҳои зиддибашарӣ ба масъулият кашида шаванд.

Мо таъкид менамоем, ки новобаста ба шиканҷа ва таъқибҳо, Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов далерӣ ва устувориро дар муборизаи худ барои адолат ва озодӣ нишон додаанд. Онҳо рамзи матонат ва истодагарии мардуми Тоҷикистон дар мубориза барои озодӣ ва демократия мебошанд. Тақдири онҳо нишон медиҳад, ки новобаста ба саркӯбии шадиди режим, мубориза барои ҳуқуқи инсон ва як ҷомеаи одил дар Тоҷикистон идома хоҳад дошт.

Мо бовар дорем, ки талошҳои якҷояи ҷомеаи байналмилалӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ дар ниҳоят адолатро барои ҳамаи қурбониёни режими саркӯбгар таъмин хоҳанд кард.

Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон

Амстердам, Нидерланд

17-уми октябри соли 2024

RELATED ARTICLES

Most Popular

Recent Comments