Мо, намояндагони Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон, ба ҳамаи шаҳрвандони донишманд, масъулиятшинос ва ватанпарвар, ба шахсиятҳои бо нангу номуси миллӣ, намояндагони неруҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ, ҷамоатҳои муҳоҷирони тоҷик, зиёиён, ҳомиёни ҳуқуқ, шахсиятҳои мазҳабӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ муроҷиат менамоем.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати буҳрони шадиди сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва башарӣ қарор дорад, ки сабаби он ғасби қудрат аз ҷониби як оила, оилаи президент Эмомалӣ Раҳмон ва наздикони ӯ мебошад. Дар натиҷаи ҳукмронии зиёда аз сисолаи ин сулола, асосҳои сохтори конститутсионӣ дар кишвар аз байн рафта, ниҳодҳои демократӣ нобуд шуда, мухолифони сиёсӣ несту нобуд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ саркӯб гардид. Системаи додгоҳӣ, сохторҳои қудратӣ, иқтисод ва муассисаҳои динии кишвар пурра ба манфиати хонадони ҳукмрон тобеъ шудаанд, дар ҳоле ки рӯзноманигорони мустақил, фаъолон, мухолифон ва шахсони озодандеш мавриди таъқибу куштор қарор гирифтаанд ва ҳазорҳо зиндонии сиёсӣ то ҳол дар паси панҷараанд.
Дар чунин шароит, мо бар онем, ки фаро расидани лаҳзаи таърихӣ барои Муколамаи умумимиллӣ равандест саривақтӣ, фарогир ва ошкоро, ки дар он бояд садои ҳамаи неруҳои озод ва масъули ҷомеаи тоҷик шунида шавад. Ҳадафи ин муколама муттаҳид сохтани талошҳо ба хотири наҷоти кишвар ва мардуми он аз таназзули минбаъда ва низоми диктотурӣ мебошад.
Вазифаи асосии Муколамаи умумимиллӣ оғози таъсиси Ҳукумати Муваққатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар табъид аст, ки сохтори муваққатӣ буда бо намояндагӣ аз тамоми қишри ҷомеъа ва дорои эътибори сиёсӣ хоҳад буд.
Вазифаҳои ин ҳукумат ба назари мо чунин метавонанд бошанд:
• манфиатҳои мардуми Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ ифода кардан;
• ҳимояи ҳуқуқи инсон ва раҳоии ҳамаи маҳбусони сиёсиро таъмин намудан;
• заминаро барои барқарорсозии сохтори конститутсионӣ ва волоияти қонун омода сохтан;
• шароити баргузории интихоботи воқеан озод ва одилона таҳти назорати ҷомеъаи байналмилалиро фароҳам овардан;
• гузариши бидуни хушунат ва қонуниро аз низоми худкома ба демократӣ таъмин кардан.
Таъсиси чунин ҳукумат наметавонад натиҷаи тасмими як гурӯҳ ё як ҳаракат бошад, он бояд маҳсули Муколамаи воқеан умумимиллӣ ва ҳамгироии густурдаи ҳамаи неруҳои демократӣ, шаҳрвандӣ, мазҳабӣ ва ватанпарвар бошад. Аз ҳамин рӯ мо оғози раванди гуфтушунидро бо намояндагони ташкилотҳои мухолиф, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷамоатҳои муҳоҷирони тоҷик, коршиносони мустақил, ҳомиёни ҳуқуқ ва ҳамаи онҳое, ки омодаанд саҳме дар ояндаи Тоҷикистони озод ва бунёди як давлати қонунмеҳвар ва адолатпарвар гузошта бошанд, эълон менамоем.
Бо мақсади ҳамоҳангсозии кӯшишҳо дар чаҳорчӯби Муколамаи Умумимиллӣ мо пешниҳод менамоем, ки Шӯрои Миллӣ таъсис дода шавад, ки вазифаҳои зеринро ба уҳда гирад:
• ҳамоҳангсозии раванди ташкили Ҳукумати Муваққатӣ;
• таҳияи нақшаи гузариши сиёсӣ;
• пешбурди музокирот ва ташаббусҳои дипломатӣ дар сатҳи байналмилалӣ;
• намояндагии манфиатҳои мардуми Тоҷикистон дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ.
Ҳукумати феълӣ на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз дохил фарсуда месозад, балки ба амнияти кулли минтақаи Осиёи Марказӣ таҳдиди ҷиддӣ ворид мекунад. Инҳисори комил бар ҳокимият, саркӯби фарогири сиёсӣ ва иҷтимоӣ, инчунин ҳамкории он бо режимҳои худкомаи хориҷӣ суботи минтақавӣ ва амнияти байналмилалиро ба таври мустақим зери хатар қарор додааст.
Ташкили Ҳукумати Муваққатӣ дар муҳочират як тадбири осоишта, ҳуқуқӣ ва стратегӣ барои ҳифзи манфиатҳои мардуми мо мебошад. Мо ҳамаи он нафаронеро, ки нисбат ба сарнавишти Ватан бетафовут нестанд, ба дастгирии Муколамаи умумимиллӣ ва иштирок дар ташаккули нерӯи демократии нав даъват менамоем.
Мо сипосгузор хоҳем буд аз ҳар шахсе, ки омода аст андеша, пешниҳод ё дидгоҳи худро оид ба сохтор, вазифаҳо ва принсипҳои фаъолияти Ҳукумати ояндаи Муваққатӣ баён кунад. Фикр ва саҳми шумо барои ташкили як ташаббуси воқеан миллӣ ва мардумӣ ниҳоят муҳим аст.
Шумо метавонед пешниҳодҳо ва маводи худро тавассути почтаи электронӣ: [email protected] барои баррасӣ фиристед.
Инчунин тавассути WhatsApp, Telegram ё Signal: +31 6 84197917 бо мо дар тамос бошед.
Тоҷикистони озод аз муколама оғоз меёбад, мо бояд ин фурсати таърихиро аз даст надиҳем.
Бо эҳтиром,
Шарофиддин Гадоев
Раиси Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон
Амстердам, 15 апрели соли 2025