23 феврали соли 2025 раиси Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон Шарофиддин Гадоев табрики расмии худро ба раиси Иттиҳоди Христиандемократии Олмон (ХДС) Фридрих Мерц ирсол намуда, ӯ ва эътилофи Иттиҳоди Христиандемократӣ ва Иттиҳоди Христиансотсиалӣ (ХДС/ХСС)-ро бо пирӯзии бузургашон дар интихоботи парлумонии соли 2025 дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон табрик гуфт.
Дар паёми худ Гадоев зикр кард, ки ин пирӯзӣ дар замони пурталотум ба даст омад, вақте ки демократия дар ҷаҳон бо таҳдидҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯст ва амнияти Аврупо аз тарафи давлатҳои худкома, ба мисли Русия, зери хатар қарор дорад. Ӯ таъкид намуд, ки имрӯз низомҳои худкома қувват мегиранд, дар ҳоле ки арзишҳои демократӣ заиф шуда, зери фишор қарор доранд. Садҳо ҳазор одамон дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, қурбонии ин режимҳо мегарданд.
Гадоев вазъияти Тоҷикистонро низ шарҳ дода, қайд кард, ки режими худкомаи Эмомалӣ Раҳмон мухолифони сиёсиро бо шиддат саркӯб мекунад. Журналистони мустақил, ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолони мухолифин боздошт, шиканҷа ва таъқиб мешаванд. Даҳҳо журналист ва ҳазорҳо маҳбусони сиёсӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон бо айбҳои сохта нигаҳдорӣ мешаванд. Усулҳои саркӯбгарона, аз ҷумла нодида гирифтани ҳуқуқи инсон, қатлҳои дастаҷамъӣ ва таъқиби хонаводаҳои мухолифон, ба як қисми сиёсати давлатӣ табдил ёфтаанд.
Гадоев гуфт, ки Олмон ҳамеша яке аз пуштибонони асосии демократия, ҳуқуқи инсон ва суботи байналмилалӣ буд. Ӯ умед дорад, ки зери роҳбарии Фридрих Мерц Олмон минбаъд ҳам барои ҳифзи демократия ва ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон, бахусус дар кишварҳое, ки ин арзишҳо зери хатар ҳастанд, талош хоҳад кард.
Шарофиддин Гадоев инчунин изҳори умед кард, ки Олмон ба нерӯҳои демократии Тоҷикистон дар муборизаашон барои озодӣ, адолат ва ояндаи беҳтари кишвар дастгирии дипломатӣ, сиёсӣ ва маънавӣ мерасонад. Ӯ таъкид кард, ки чунин дастгирӣ метавонад ба амнияти минтақа, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва суботи байналмилалӣ саҳми муҳим гузорад.
Дар охири табрики худ, Гадоев ба Фридрих Мерц дар кори масъулияташ муваффақият орзу кард ва ба мардуми Олмон сулҳ, пешрафт ва зиндагии шоиста таманно намуд.
Тамос барои матбуот:
Раёсати матбуоти Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон
Email: [email protected]
Website: tajreform.org