Wednesday, December 4, 2024
No menu items!
HomeИқтисодиётСиёсати андозР. Темуриён: 'Тоҷикистони секулорӣ ва демократие, ки он Хонаи ҳама бошад'

Р. Темуриён: ‘Тоҷикистони секулорӣ ва демократие, ки он Хонаи ҳама бошад’

Мусоҳибаи ихтисосии рӯзноманигор Мавҷуда Соҳибназарова, сухангӯи Ҷунбиши мардумии “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” бо яке аз муассисон ва узви Шӯрои раҳбарии Анҷумани Озодандешони Тоҷик Равшан Темуриён.

– Дар ҳарими иҷтимоии кишвар зуҳури ташаккуле чун Анҷумани Озодандешони Тоҷик чун вақт нишон дод, падидае буд назаррас. Шумо худро оппозисиюн ва ё оппонент медонед?

– Эҳсос мешуд, ки барои ҳарими иҷтимоии Тоҷикистон на ҳизб ё созмони сиёсӣ , балки ташаккули иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ё худ фаросиёсие зарур аст, ки он на нақши оппозисиюни сарсахти сиёсиро бар дӯш дошта бошад, балки мушовир, шарик ва ё оппоненти солими воқеъие бошад, ки тавонад бо ҳамаи нерӯҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳамчунин ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ ва ё ҳадди ақал, тамоси корӣ дошта бошад. Оппонент будан аслан масъулият шинохтан аст…

– Дар ҳуҷҷатҳои асосии Анҷуман ба хислати машваратии ҳамкорӣ бо давлат Тоҷикистон низ ишора шудааст. Оё Шумо мутмаъинед, ки ҳукумат омода ба ҳамкорист?

– Бале, ин нуктаи муҳим ҳанӯз дар маҷлиси нахустини Шӯрои муассисони Анҷуман дар моҳи ноябри соли 2015 бо пешниҳоди аксарият қабул шуда буд ва ин маънӣ дар санадҳои ва мавқеъи расмии созмон ва ҳамчунин ба он дар маводҳои расмии Анҷуман, ки аз тариқи расонаҳои гурӯҳӣ пахш шудаанд, расман таъкид шудааст. Вале дар посух ба қисмати дуввӯми саволатон, бояд бигӯям, ки баъди пирӯзии Фронти Халқӣ дар поёни соли 1992 касе бовар надошт, ки ин ҳукумат бо Иттиҳоди Нерӯҳои Оппозисиюни Тоҷикистон сар мизи музокира биншинад. Мо бар инем, ки ҷиноҳи либероли давлати Тоҷикистон зарурати ҳамкорӣ бо нерӯҳои иҷтимоӣ ва ҷомеаи маданиро хуб дарк мекунад.

– Дар ибтидо бо таъсиси Анҷуман ба назар мерасид, ки ин иқдомро Душанбеи расмӣ на он қадар хуш пазируфт ва то ҳадде чӣ Анҷуман ва чӣ дар алоҳидагӣ аьзои раҳбарияти он зери танқиди шадид ва ҳатто таҳқири рӯирост қарор гирифтанд. Аз назари Шумо ангезаи чунин вокуниш дар чӣ буд?

– Аслан, аз мавзӯъи арзи вуҷуди Анҷумани Озодандешони Тоҷик нахустин шуда ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи ноябр-декабри соли 2015 хабар ёфта буд. Он замон мо муассисони Анҷуман расман аз тариқи каналҳои иртиботӣ ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистонро огоҳ намуда будем ва ҳамон вақт ҳамроҳони ишон хабари мазкурро хеле бо таҳаммул ва бо фарҳанги хос истиқбол намуда буданд.
Аммо, ростӣ, дар бобати вокуниши хасмонаи баъзе аз ниҳодҳои расмии давлати Тоҷикистон, ва чунин як бархӯрди ғайрифарҳангӣ ва ҳатто хиёбонӣ дар баробари Анҷуман чизе гуфтан намехоҳем, зеро ҳамааш рӯи шабакаҳои иҷтимоист. Аммо ба мо аён аст, ки на ҳама ниҳодҳои давлатӣ хабари расман ба фаъолият пардохтани Анҷуманро ба ин навҳа қабул карда бошанд. Ҷиноҳи технократ ва солими ҳукумат дар баробари ҷиноҳи муҳофизакор ҳарчанд садоаш баланд нест, аммо мавқеъаш ҳамоне аст, ки Анҷуман дорад: «Тоҷикистони шукуфони секулор ва демократӣ». Бо ибораи дигар, вокуниши ҷиноҳи либероли давлат, ки бароямон хеле муҳим аст, таҳамулгароёна ва озоднафас буд.

Дар нишастҳои Шӯрои раҳбарии Анҷуман чандин дафъа такрор ба такрор зикр кардем, ки пеш аз он ки бо ҷомеа сиёсӣ сӯҳбат намоем, ибтидо савод, яъне маориф ва фарҳанг зарур аст. Ба хотир оред: Ҷунбиши мардумии «Растохез»-ро. Он ду мақсади асосӣ дошт: ба даст овардани истиқлоли Тоҷикистон ва давлатӣ эълон шудани забони тоҷикӣ (порсӣ). Яъне ҳамон истиқлол, савод ва ҳамон фарҳанг.
Мутаассифона, баъди қариб се даҳа боз мардум дар баробари таҳкими истиқлоли давлатӣ, дар бораи зарурати фарогирии маориф ва фарҳанг дар ҷомеа сухан мекунад. Ин ҳам яқин аст, ҷомеае, ки ба саводу фарҳанг расид, медонад чи тур сиёсат кунаду чи навъ зиндагӣ пеша намояд.

– Маъзарат, агар чунин бошад, чаро Анҷуман дар бораи ҳамкорӣ ва ҳатто иттиҳод бо оппозисиюни тоҷик ҳарф мезанад?

– Тибқи «Ойиннома» ва принсипҳои Анҷуман, ки дар ҳуҷҷати дуввуми созмон «Баёния» омадааст, Анҷуман бо ҳама нерӯҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии солим , ки принсипҳои Анҷуманро мепазиранд, ҳамкор буда метавонад ва ҳатто бо онҳо дар як иттиҳод қарор гирад. Такрор мекунам: принсипҳои сангбинои Анҷуман – секулоризм, яъне ҷомеаи дунявӣ ва демократия, яъне ҷамъияти мардумсолорӣ, ки ба арзишҳои миллӣ қоил аст. Касе, ки бо ҳамин принсипҳо мувофиқ аст, мо бо ӯ ҳамкор ҳастем…

– Худи ҳайати муассисон ва Шӯрои раҳбарии АОТ хеле «гуногунранг» ба назар менамоянд. Оё онҳо ҳама воқеан ҳамзистии «орому осоишта»-е дар Анҷуман доранд?

– Бояд расман бигӯям, ки алорағми тафовут мо аз эҳтирому таҳаммули мавқеъият ва дидгоҳҳои якдигар пайравӣ мекунем ва ҳамаи мо ба таври дастаҷамъӣ тасмим мегирем. Аслан ҷомеаи мо бояд ҳамин тавр бошад.
Баҳсу андешаҳо мухталиф бошанд ҳам, аммо мақсади асосӣ ҳамон аст: «Тоҷикистони секулорӣ ва демократие, ки дар он барои ҳама – ҷойгоҳ ва манзалат пайдо мешавад». Масалан, «гуногунрангӣ» дар ҳайати муассисон, Шӯрои раҳбарӣ ва Риёсати иҷроияи Анҷуман иборат аст аз ашхоси секулор, атеист, диндор, зардуштӣ, мусалмони суннӣ, мусалмони шиаи исмоилия, масеҳӣ ва ғайра вуҷуд доранд, аммо ҳама зери як сақф, ки номаш «Тоҷикистони азиз» аст, гирдиҳам омадаанд. Умедворем, ки Анҷуман созмони миёнадавраӣ нахоҳад буд…

– Мегӯянд, ки нишасту гуфтугӯҳо бо ширкати намояндагони Анҷуман ва дигар нерӯҳо сурат мегиранд…

– Ахиран диду боздидҳо ба вуқӯъ пайвастанд. Дар хориҷ бо нерӯҳои солими оппозисиюн, ҷомеаи шаҳрвандии дохил ва хориҷи кишвар ва ҳамчунин тавре ки қайд шуд, бо баъзе доираҳои наздик ба ҳукумати Тоҷикистон мубодилаи афкор сурат гирифтааст.

– Мебахшед, бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон..?

– Дар ҷараёни конфаронсҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар Варшава дар солҳои 2016-2017 мо ба унвони фаъолони ҷомеаи маданӣ бо намояндагони давлат, мухолифин ва ҷомеаи мадании дохил ва хориҷи Тоҷикистон дидан намудем ва мутаваҷҷеҳ шудем, ки Тоҷикистон ниёз ба як созмони иҷтимоӣ монанди Анҷумани Озодандешон дорад, ки метавонад ҷомеаро муттаҳид кунад, барои баҳс дар саросари кишвар аз давлат, мухолифон ва кулли ҷомеа хостдори расидагӣ ба масоили муҳими кишвар бошад.

Ҳамчунин дар ин нишастҳои байналмилалӣ мо назарамонро дар бораи диду баррасии мушкилоти кунунӣ, роҳҳои ҳалли он дар доираи Қонуни Асосии Тоҷикистон ва бозгашт ба муколамаи сиёсӣ-иҷтимоӣ дар асоси Созишномаи сулҳи Тоҷикистон (1997) изҳор доштем.

– Бо ҳизбу созмонҳои дигар тамосу гуфтугӯе доред?

– Бале, тамосу дидорҳо бо нерӯҳои мухталифи иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ зиёданд. Мо умедворем дар ояндаи наздик байни гурӯҳҳо, аҳзоби фаъол ва шахсиятҳои миллӣ як тафоҳумномаи ҳамкорӣ қабул шавад.

– Дар бораи равобити Анҷуман бо расонаҳои гурӯҳӣ, радио ва телевизион чӣ назаре доред?

– Анҷуман бо ҳама расонаҳои гурӯҳӣ, радио ва телевизионҳои дохиливу хориҷӣ эҳтиром қоил аст ва расман эълон медорад, ки барои ҳамкорӣ бо ҳамаи онҳо омодааст. Аз фурсат истифода бурда, мо аз ҳамаи расонаҳои васоити ахбор, хоса, аз бахши порсии радиои Би-Би-Си, Пойгоҳи иттилоотии «Фарғона», Бунгоҳи иттилоотии «Ахбор», расонаҳои Русия, кишварҳои Урупо, радиои «Озодӣ», радиои «Хуросон», созмонҳои баналмилалӣ ва як қатор давлатҳои хайрхоҳ ва дигар ниҳодҳои васоити ахбори омма ва иҷтимоиву сиёсӣ барои инъикоси фаъолияти Анҷумани Озодандешони Тоҷик самимона изҳори сипос менамоем.

RELATED ARTICLES

Most Popular

Recent Comments

Discover more from Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон

Subscribe now to keep reading and get access to the full archive.

Continue reading