Wednesday, December 4, 2024
No menu items!
HomeСиёсатНома ба Пешво: Ба Рустамҷон унвон диҳед!

Нома ба Пешво: Ба Рустамҷон унвон диҳед!

Ба Президент, Асосгузори сулҳу ваҳдат ва оштӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.

Аз номи як гурӯҳ шаҳрвандони ҶТ, пайравони Президент, Асосгузори Сулҳу Ваҳдат ва Оштӣ, Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки бинобар сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи эшон дар Олмон сукунат ихтиёр кардаанд.

Мӯҳтарам Президент, Асосгузори Сулху Вахдат ва Оштӣ, Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон!

Чун Шумо сазовори унвонҳо ва рутбаҳои болотару бештар аз ин ҳама ҳастед ва танҳо аз рӯйи хоксорӣ иҷозат надодед, то Шуморо Шоҳи шоҳон, Алломаи замон ва Пешвои ҷахон ном гиранд, мо ҳам танҳо ҳамин унвонҳоро ба забон мегирем. Чун Шумо моро барои омӯхтани таҷриба ва илми Аврупо инҷо фиристодед, мехостем яке аз омӯхтаҳоямонро дар Олмон ба Шумо гузориш бидиҳем. Инҷо кӯтоҳ навиштан ва сӯҳбат карданро қадр мекунанд, барои ҳамин бархе ному калимаҳо ва ибораҳоро ба шакли кӯтоҳшуда, бо истифодаи ҳарфҳои аввали ин калимаҳо менависанд. Ба хусус, пас аз қабули қонуни нодири Танзим дар кишвари мо, ки бо ташаббуси хирадмандонаи Шумо рӯи кор омад, тамоми олам ин сиёсати шуморо пайравӣ доранд ва кӯшиш мекунанд аз хароҷоти зиед даст бикашанд. Истифодаи ҳарфҳои аввали чанд калимаи сертакрор ба ҷои худи калимаҳо дар фарҳанги навиштории Аврупо аз идеяҳои хирадмандонаи Шумо сарчашма мегирад. Бинобар ин, мо ҳам минбаъд ному унвонҳои Шуморо бо шакли мухтасар ва риояти талаботи қонуни танзим хоҳем навишт ва бовар дорем ин иқдом аз тарафи ҳамаи шаҳрвандони ватандӯст, миллатдӯст, хулоса, ‘’патриотҳо’’, ҷонибдорӣ хоҳад ёфт.

Яъне, Президент, Асосгузори Сулх, Вахдат ва Ошти, Пешвои Миллат Эмомали Раҳмон ба шакли ‘’танзимшуда’’ ПАСВО ПМЭР хоҳад шуд ва минбаъд агар унвони дигаре ба худатон изофа кардан хоҳед, дар фикри тӯлонӣ шудани он набошед. Мо худамон бо ин услуб кӯтох кардан мегирем, чаноби ПАСВО ПМЭР!

Мо медонистем, ки Шумо яке аз хирадмандтарин раҳбарони ҷаҳон ҳастед, ки бо зиракии сиёсиатон машҳури баҳру бар гаштаед. Аксари мардуми ҷаҳон орзуи доштани чунин пешвоеро доранд, вале ин хушбахтӣ, ба бахти баланди мо, танҳо насиби тоҷикон гаштааст. Пазируфта шудани пешиноҳодҳои шумо дар бораи даҳсолаи байналмиллалии об ва ғайра дар Созмони миллали муттаҳид гувоҳи ин гуфтаҳост. Мо бовар дорем, ки ҷумлаи беназиру пурмаънои Шумо ‘’ОБ манбаъи ҳаёт аст. Эмомалӣ Раҳмон’’ ба зудӣ дар пештоқи бинои СММ ба ҷои байти Саъдии Шерозӣ сабт хоҳад шуд. Саъдие, ки ҳатто қаҳрамони ягон миллат нест бояд ҷояшро ба Шумо диҳад. Чун, Шумо на танҳо қаҳрамони Тоҷикистон, балки пешвои кишваре ҳастед, ки дар рейтингҳои ҷаҳонӣ байни 200 кишвар аз ҷои 20-ум поён намефарояд. Муҳим нест, ки ин рейтингҳо кишвари моро фасодзадатарин, қашшоктарин, ноозодтарин ва ‘’тарин’’-ҳои дигар нишон медиҳанд, муҳим ин, ки ҷузъи 20-гонаи ҷаҳон ҳастем.

Баъдан, ба гапи созмонҳои байналмиллалӣ ва чанд хоину ватанфурӯшони хоричи кишвар аҳамият набояд дод. Муҳим, ки ин сиёсати хирадмандонаро идома диҳед. Худо хоҳад, дар натиҷаи ин сиёсатҳо солҳои оянда вориди 10-гона хоҳем шуд. Беҳуда, мо пайравонатон шиори ‘’ Мо метавонем!’’-ро интихоб накардаем. Касе ҳам то имрӯз намедонист, ки об манбаъи ҳаёт аст ва аввалин касе, ки инро дарк кард, ақли расои Шумо буд. Мутаъассифона, то хол аксарияти мардум маънии ин ҷумлаи пурмӯҳтавои Шуморо дарк накардааст, вагарна Шуморо бо як қонуни нав сазовори унвони Мироби Миллат ҳам мегардонданд. Оне, ки тибқи гузориши СММ бештар аз 50 дарсади аҳолии кишвари мо дастрасӣ ба оби тоза надорад, мушкилии худи мардум аст, на аз Шумо. Шумо бо як ҷумла ба мардум фаҳмондед, ки об манбаъи ҳаёт аст. Агар мардум маънии ин ҷумларо нафаҳманду дар Тоҷикистони пуроб ташна зиндагӣ кардан гиранд, айби Шумо чист? Мо, ки аз сиёсатҳои хирадмандонаи Шумо пайравӣ мекунем ва на танҳо суханҳо, балки маънии ишораҳои Шуморо ҳам дарк мекунем, имрӯз ягон мушкилии об надорем. Ва як ҷаҳон ташаккур мегӯем ба Шумо, ПАСВО ПМЭР- и мӯҳтарам!

Мо ин ҳамаро медонистему медонем. Вале намедонистем, ки фарзанди фарзонаи шумо Рустами Эмомалӣ мисли падари бузургвораш аз зиракии сиёсӣ бархӯрдор аст. Албатта себ аз дарахт дур намеафтад ва фарзанди шумо наметавонад зиракии сиёсӣ надошта бошад, вале мо гумон намекардем, ки ӯ дар ин синни ҷавон ба ин мартабаи баланди зиракӣ мерасад. Қарори ӯ дар бораи баланд бардоштани нархи роҳкиро дар нақлиёти Душанберо шунида, мо дар Олмон истода ангушти ҳайрат газидем. Мо фаҳмидем, ки Рустамҷон танҳо сиёсатмадори сатҳи кишвар набуда, ҷаҳонӣ будааст. Дарёфтем, ки ӯ дар геополитика ҳам нобиға аст. Албатта шумо мақсади моро бо заковати хосатон фаҳмидед, вале мехоҳем барои хонандагон қаззияро равшан кунем.

Ҳамагӣ се рӯз қабл аз фармони раиси шаҳри Душанбе ҳукумати Олмон қарор кард, ки дар 5 шаҳри Олмон — Бонн, Эссен, Херренберг, Ройтлинген ва Маннгейм нақлиёти ҷамъияти бепул шавад. “Ну и что?” мегӯянд баъзе аз хонандагони зиракии сиёсӣ надошта. Вале мо пайравони Шумо, ПАСВО ПМЭР-и мухтарам, ки аз суханрониҳои пурмаъниятон зиракии сиёсӣ омӯхтаем, медонем, ки қарори Рустамҷон ба қарори ҳукумати Олмон бастагии зич дошта чузъи як сиёсати геополитикӣ аст. Ин қарор давоми сиёсати хирадмандонаи падараш ПАСВО ПМЭР мебошад.

Шумо 24 сол аз мардуми кишвар даъват кардед, ки ба кишварҳои хориҷа рафта таҷриба омӯзанд, фарзандонашонро дар донишгоҳҳои он кишварҳо хононанд, забон омӯзанд, вале касе гӯш накард. Вақте мардум нафаҳмид моҳонаро кам карданд, ба Ҳасанҷони пуркор амр кардед заводу фабрикаҳоро аз кор мононда хишту чӯбу шиферҳояшро фурӯшад то мардум ба хуби, ки нафаҳмид маҷбур ба хориҷа равад. Вале мардум ба тиҷорат часпид. Гӯё ғайри тиҷорат ҳеҷ касбе набошад.

Шумо чун дидед, ки намешавад, ба Ҳасанҷон амр кардед то тиҷоратҳои марумро харида гирад. Ҳар кадомашро ба як сомонӣ. Вале гӯё дар ҷаҳон ғайр аз Русия ҳеҷ кишваре набошад, ҳама ба ин кишвар рафтанд. Ҳама русидон, сохтмончӣ, кӯчарӯб, вале касе англисиву немисӣ, полякиву фаронсавӣ, туркию литвониро намедонад. Мошинсозии немисӣ, хоҷагидории полякӣ, дӯзандагии туркиро балад нест.

Пас аз тафаккури амиқи дурудароз , Шумо, ПАСВО ПМЭР-и мӯҳтарам, илоҷи ин корро ҳам пайдо кардед. ҲНИТ-ро бастеду террористӣ эълон намудед ва аз Русияву дигар кишварҳои ИДМ талаб кардед, ки наҳзатиҳоро роҳ надиҳанд. Наҳзатиҳо маҷбур шуданд ба Туркияву Аврупо раванд. Худашон, ки ақлашон нагирифт фарзандонашонро ба хориҷ барои таҷрибаомӯзиву дарсхонӣ фиристанд ва танхо ‘’ҳафтяку’’ ‘’чоркитоб’’ мехонданд, Шумо бо хирадмандии азалиатон маҷбуран онҳо ва фарзандҳояшонро имрӯз забондон ва босавод мекунед.

Баъди он ки наҳзат роҳро ба Аврупо кушод, амр кардед нашрияҳои озодро банданд, озодиҳоро маҳдуд созанд, ришҳоро тарошанд, масҷидҳоро вайрон кунанд, ҳамаи донишмандону мутахассисонро аз вазифаҳо озод намуда ҷояшон одамони ноӯҳдабароро таъин кунанд, то ҳамаи одамони дарсхондаву мутахассис маҷбур шаванд ба Аврупо рафта фарзандонашонро дар мактабҳои пешрафтаи онҷо хононанд.

Вале наҳзатиҳои беинсоф ин сиёсати дурбинонаи Шуморо, ки пеш аз ҳама ба фоидаи худашон буд, нафаҳмида, ба танқиди ҳукумати кишвар ва Шумо, ПАСВО ПМЭР-и азиз пардохтанд. Вале Ҷаноби олӣ аз ин бефаҳмиву беинсофии наҳзатиҳо зиқ нашуда, баръакс бо зиракии сиёсиатон шумори муҳочиронро боз ҳам бештар мекунед. Он чанд нафаре, ки худашон гоҳ бо зорӣ, гоҳ бо зӯрӣ ва гоҳо дастони баста барои ‘’озодона’’ дар ватан гаштан аз хориҷ бармегарданд, дар муқобили ҳазорҳо нафаре, ки Шумо мефиристед, донае аз хирман мебошад.

Мӯҳтарам ПАСВО ПМЭР!
Шумо хуб кардед, ки вақтҳои охир нафарони зиедеро аз ҳисоби тарафдоронатон барои назорат аз паси ҳар як наҳзатӣ зери пӯшиши муҳоҷир, мухолиф ё журналист мефиристед. Бигузор онҳо ҳам ҷаҳонро бинанд, илму забон омӯзанд. Фақат як хатар аст ин ҷо, ки бояд огоҳ бошем. Мабодо тарафдорони Шумо ҳам чашмашон боз шаваду фарқи байни ҷомеъаҳои Аврупо ва сиёсатҳои хирадмандонаи Шуморо дарк кунанд ва фикрҳои ғалат дар зеҳнашон пайдо шаваду ба хирадмандии Шумо машкук шаванд? Бинобар ин, пешниҳод мекунем, ки аз болои инҳо ҳам нозир фиристед. Беҳтараш аз ҳисоби домоду хешу таборҳо. Чашм нарасад, шумораашон зиёд ку? Барои ҳар кишвари аврупоӣ ду се нафарӣ мерасад.

Баргардем ба фармони Рустамҷон дар бораи баланд бурдани нархи роҳкиро. Ҳамин ки ҳукумати Олмон фармони бепул кардани нақлиёти ҷамъиятиро дар 5 шаҳр содир кард, фарзанди фарзонаи ПАСВО ПМ, раиси шаҳри Душанбе дарҳол қарор дод аз ин фурсат барои ҳадафи геополитикӣ истифода барад. Мардум бо хондани хабари нақлиёти бепул дар Олмон дарҳол ҳаваси зистан дар онҷоро пайдо карданд. Рустамҷон барои он ки ин ҳавасро бештар кунад, дарҳол нархи роҳкиро дар нақлиёти Душанберо ду баробар боло бурд. То гурӯҳ калоне аз душанбегиҳо он қадар ҳавасашон бештар шавад, ки сӯи Олмон роҳ гиранд.

Ҳарчанд бисёриҳо намефаҳманд, ин сиёсати хирадмандонаву зиракии сиёсии падару писар дар ояндаи наздик ба ҷаҳиши бузурги иқтисодии Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард. Зеро, вақте ки ҳазорҳо тоҷик дар донишгоҳҳои Ғарб таҳсил кард, ҳазорҳои дигар дар заводу фабрикаҳои пешрафтаи онҷо таҷриба омӯхт, ПАСВО ПМЭР-2, Рустами Эмомалӣ (ПАСВО ПМЭР-1 шояд то он вақт нарасанд) , ҳамаро ба ватан фаро хоҳад хонд.

Бо баргаштани ҳазорон мутахассиси донандаи забонҳои хориҷӣ Тоҷикистон ҷаҳиши бузурги иқтисодии шабеҳ ва ҳатто беҳтар аз Сингапуру Малайзия хоҳад дошт. Он вақт наҳзатиҳо хатои бузурги худро фаҳмида, аз танқиду таҳқирҳояшон нисбати ПАСВО ПМЭР пушаймон шуда, худашон ӯро қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон эълон карда, ҳайкали тиллоияшро хоҳанд гузошт.

ПАСВО ПМЭР-и азизу гиромӣ!
Узр, ки барои фаҳмонидан ба хонандагон гапи зиёд навиштем. Вале худатон шоҳидед, ки ин мардум 25 сол мантиқу фалсафаи амиқи шуморо нафаҳмид. Бинобар ин мо ҳам маҷбур шудем содда карда фаҳмонем. Ва аз Шумо хоҳиш мекунем, ки 25 соли дигар ПАСВО ПМЭР боқӣ бимонед, то аксарияти миллати тоҷик ба оби тозаву нақлиёти бепул дар хориҷ таъмин гардад. Ва аз ҳама муҳим, фарзандони миллат забону илмҳои гуногунро дар донишгоҳҳои пешрафтаи ҷаҳон биёмӯзанд.

Ва дар охир боз як пешниҳоди дигар. Пас аз Президент, Асосгузори Сулҳу Ваҳдат ва оштӣ, Пешвои Миллат, яъне, ПАСВО ПМЭР эълон шуданатон баъзе аз унвонҳои кӯҳнаатон холӣ монд. Масалан унвони “Ҷаноби Олӣ”. Мо таклиф мекунем, ки ин унвон ба Рустамҷон дода шавад. То ки мардум тавонанд эҳтирому муҳаббати худро ба ӯ баён созанд ва забонашон одат кунад: Раиси Душанбе- Ҷаноби Олӣ Рустами Эмомалӣ. Агар тибки қонуни танзим гӯем, РД ҶОРЭ.

Ба пеш, мӯҳтарам ПАСВО ПМЭР ва РД ҶОРЭ!
Мо метавонем!

RELATED ARTICLES

Most Popular

Recent Comments

Discover more from Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон

Subscribe now to keep reading and get access to the full archive.

Continue reading