Thursday, November 21, 2024
No menu items!
HomeСиёсатНамоиши гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон дар Туркманистон

Намоиши гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон дар Туркманистон

17 феврали соли 2018, дар Ашқобод, дар Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон, бахшида ба рӯзи касбии кормандони ҳайати дипломатии Туркманистон барномаҳои фарҳангию консертӣ ва Конфронс, зери унвони «Дипломатияи Роҳи бузурги абрешим: ҷашни сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ» баргузор гардиданд.

Дар ҳошияи таҷлили ин ҷашнвора гӯшаи фарҳангии намояндагони корпуси дипломатии муқими Ашқобод, аз он ҷумла кишварҳои масири Роҳи абрешим ороста шуд, ки дар он Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ашқобод низ ширкат варзид. Асбобҳои мусиқӣ, зардӯзию либосҳои миллии тоҷикӣ, китобҳову маводҳои сайёҳӣ, ҷиҳати муаррифии фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ва табиати беназири кишвар дар гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон гузошта шуд, ки аз он иштирокчиёни намоишгоҳ дидан карданд.

Дар қисмати дуюми барнома Конфронс, зери унвони «Дипломатияи Роҳи бузурги абрешим: ҷашни сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ», бо иштироки Муовини Раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов, намояндагони вакилони Маҷлис, роҳбарони ҳайати корпуси дипломатӣ, инчунин муассисаҳои илмии олӣ, намояндагони ВАО ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни Конфронс сухан ба роҳбарони ҳайати корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, аз он ҷумла Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Фаррух Ҳомиддин дода шуд. Дар баромади худ, Сафири Тоҷикистон роҷеъ ба таърих ва нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккулёбии Роҳи бузурги абрешим, аҳамияти он миёни кишварҳои минтақа ва умуман давлатҳои Шарқу Ғарб, инчунин доир ба муносибатҳои дуҷониба суханронӣ намуд.

RELATED ARTICLES

Most Popular

Recent Comments