Saturday, April 19, 2025
No menu items!
HomeХабарҳоМуроҷиат ба ҷомеаи байналмилалӣ оиди ҳалли осоиштаи буҳрони сиёсӣ дар Тоҷикистон

Муроҷиат ба ҷомеаи байналмилалӣ оиди ҳалли осоиштаи буҳрони сиёсӣ дар Тоҷикистон

Ҷунбиши «Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон» ба ҳукуматҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Шоҳигарии Нидерландия, Ҷумҳурии Фаронса, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Шоҳигарии Дания, Финландия, Шоҳигарии Шветсия, Конфедератсияи Швейтсария, Ҷумҳурии Австрия ва Шоҳигарии Норвегия бо муроҷиати фаврӣ даъват мекунад, ки ташаббусеро, ки барои мусоидат ба муколамаи сулҳомез ва созанда байни мухолифини тоҷик ва ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон равона шудааст, дастгирӣ намоянд. Дар пасманзари буҳрони сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва башарӣ, ки метавонад дар Тоҷикистон шиддат ёбад, иштироки фаъолонаи ҷомеаи байналмилалӣ барои пешгирӣ аз нооромӣ ва таъмини субот дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон аҳамияти аввалиндараҷа хоҳад дошт.

Кишварҳои шумо ҳамеша дар нигаҳдошт ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдии инсон ва таъмини волоияти қонун ва демократия нақши пешсафро доштаанд. Аз ин рӯ, мо аз шумо хоҳиш мекунем, ки нуфузи худро барои мусоидат ба ҳалли осоиштаи буҳрон ва пешгирии шиддат гирифтани саркӯбҳо дар Тоҷикистон истифода баред. Дар дохили кишвар, буҳрони иқтисодӣ, фасод, ҳукумати оилавӣ ва амалҳои саркӯбгарона режими Эмомалӣ Раҳмон алайҳи мухолифони сиёсӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳои мустақил хуб маълуманд ва аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ҳуҷҷатгузорӣ шудаанд. Қонуншиканиҳои системавии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла қатлҳои ғайриқонунӣ, боздоштҳои худсарона, саркӯби озодии баён ва таъқиби рӯзноманигорон, ҳомиёни ҳуқуқ ва адвокатҳо, хоси ин низом шудаанд. Рӯйдодҳои фоҷеабори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва саркӯбиҳои оммавӣ вазъиятро боз ҳам мураккабтар намуда, ноумедиро дар байни мардум афзоиш додаанд.

Роҳҳои осоишта барои ҳалли буҳрон тавассути муколама амалан дигар вуҷуд надоранд ва бисёр шаҳрвандон ба имконияти тағйироти демократӣ дар Тоҷикистон боварии худро аз даст додаанд. Ин боиси хатарҳои ҷиддии бесуботӣ дар минтақа мегардад ва метавонад ба пайомадҳои пешгӯинашаванда оварда расонад.

Тоҷикистон кишваре бо аҳолии ҷавон аст, ки 71%-и онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Бе вуҷуди алтернативаҳои демократӣ ва имкониятҳо, хатари радикализатсияи ин гурӯҳ меафзояд. Ин холигии сиёсиро гурӯҳҳои ифротӣ метавонанд истифода баранд, ки на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба тамоми Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад. Дар шароити идомаи буҳрон ва набудани ислоҳоти муассир, кишвар метавонад дар остонаи бесуботӣ қарор гирад. Ин боиси мавҷи гурезаҳо ва тақвияти гурӯҳҳои ифротгаро мегардад, ки амнияти минтақа ва байналмилалиро таҳдид мекунад.

Бо дарназардошти мавқеи стратегӣ ва муҳими Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ, бесуботӣ дар кишвар метавонад ба амнияти минтақа ва ҷаҳон таъсири ҷиддӣ расонад. Аз ин рӯ, мо аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват мекунем, ки чораҳои ҳамоҳангшударо барои ҳимояи ҳуқуқи инсон, дастгирии равандҳои демократӣ ва афзоиши фишори сиёсӣ ба режими Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ намоянд.

Мо аз ҳукуматҳои Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо даъват мекунем, ки талошҳои худро ба расидан ба ҳадафҳои зерин равона созанд:

  1. Озод намудани фаврӣ ва бечунучарои ҳамаи зиндониёни сиёсӣ.
  2. Қатъи саркӯбҳо алайҳи рӯзноманигорон, ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ва таъмини озодии баён ва фаъолияти расонаҳои мустақил.
  3. Барҳам додани ҳамаи қонунҳо ва санадҳои мухолифи меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон, ки аз ҷониби Тоҷикистон пазируфта шудаанд, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ.
  4. Ташкили интихоботи озод ва шаффоф бо иштироки ҳамаи нерӯҳои сиёсӣ.

Илова бар ин, мо зарурати ба ҷавобгарии байналмилалӣ кашидани гунаҳкорони нақзи системавии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон ва атрофиёни ӯро таъкид мекунем. Ин ҷиноятҳо на танҳо бояд ба чораҳои сиёсӣ ва дипломатӣ, балки ба муҳокимаҳои додгоҳӣ дар доираи ҳуқуқи байналмилалӣ кашида шаванд. Мо аз давлатҳои узви Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ (ICC) даъват мекунем, ки таҳқиқоти байналмилалиро барои ба ҷавобгарӣ кашидани режими Раҳмон барои қатлҳои оммавӣ, шиканҷа ва нопадидшавиҳои маҷбурӣ оғоз намоянд.

Таъмини адолат барои қурбониёни ин ҷиноятҳо на танҳо як қадами муҳим барои барқарорсозии волоияти қонун ва демократия дар Тоҷикистон мебошад, балки паёме аст, ки ҳатто раҳбарони авторитарӣ аз ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳояшон гурехта наметавонанд.

Дастгирии ҳукуматҳои шумо барои ин ташаббус қадами муҳим дар ҳифзи ҳуқуқи инсон, таҳкими демократия ва волоияти қонун дар Тоҷикистон хоҳад буд. Мо итминон дорем, ки талошҳои ҳамоҳангшудаи ҷомеаи байналмилалӣ дар таъмини ҳуқуқи мардуми Тоҷикистон ва мусоидат ба тағйироти сулҳомез ва демократӣ натиҷаҳои назаррас ба бор хоҳад овард.

Шарофиддин Гадоев
Раиси Ҷунбиши «Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон»

Амстердам, Нидерландия
15-уми октябри соли 2024

RELATED ARTICLES

Most Popular

Recent Comments

Discover more from Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон

Subscribe now to keep reading and get access to the full archive.

Continue reading