Ҷаноби Президент,
Ман бо нигаронии амиқ ба Шумо муроҷиат менамоям то таваҷҷуҳи шуморо дар робита ба сарнавишти рӯзноманигори тоҷик Рухшона Ҳакимова, ки бар асоси иттиҳомоти сохта дар бораи ҷосусӣ беасос, ки он ҳам бошад назарсанҷӣ дар мавриди нуфӯзи Чин дар Тоҷикистон аст. Оё таҳқиқоти як журналист метавонад ҷосуси унвон гардад ва ба ҳашт соли зиндон маҳкум шавад, ҷалб намоям. “Ҷиноят”-и ягонаи ӯ танҳо анҷом додани таҳқиқоти рӯзноманигорӣ оид ба таъсири берунии Чин дар Тоҷикистон мебошад.
Рухшона на танҳо як рӯзноманигори касбӣ, балки модари ду кӯдаки хурдсол аст, ки яке аз онҳо ҳанӯз ширмак мебошад. Кӯдаки даҳмоҳаи ӯ, ки аз гармиву муҳаббати модар маҳрум гаштааст, ҳар шаб гиря мекунад ва намефаҳмад, ки чаро модараш дигар ӯро ба оғӯш намегирад. Духтари калониаш, ки ҳамагӣ ду сол дорад, бо тарс аз хоб бедор шуда, модарашро садо мекунад, аммо дар ҷавоб танҳо хомӯширо мешунавад. Ин ҳукми золимона на танҳо поймолкунии меъёрҳои байналмилалӣ аст, балки таҳқири виҷдони инсоният ва нақзи фоҷиавии арзишҳои муқаддаси оила мебошад. Чӣ гуна метавон модарро аз кӯдаки ширмакаш ҷудо кард, ки ҳар лаҳза ба ғамхории ӯ ниёз дорад? Чӣ гуна метавонем ба чунин беадолатӣ чашм пӯшем, ки на танҳо зиндони торик, балки ашки кӯдакони бегуноҳ низ ҷузъи муҷозоти ӯ гардидааст ва худи Рухшона танҳо барои баён кардани ҳақиқат ва иҷрои вазифаи касбиаш пушти панҷараҳои зиндон бо чашмони ашкбор ранҷ мекашад. Ин ҳукм на танҳо беадолатии ҳуқуқӣ, балки фоҷиаи амиқи башарист.
Имрӯз Тоҷикистон кишварест, ки озодии баёнро
зери фишору таъқиб маҳв карда мешавад, рӯзноманигорони мустақил боздошт, шиканҷа ва таъқиби сиёсӣ мешаванд. Даҳҳо рӯзноманигор ва ҳазорҳо маҳбусони сиёсӣ бо иттиҳоми сохта паси панҷара қарор доранд. Мақомот усулҳои нопадидшавии иҷборӣ, қатли ом ва тарсониданро барои аз байн бурдани ҳар гуна андешаи мухолиф ва норозигиро истифода мебаранд.
Иёлоти Муттаҳида ҳамеша ҳуқуқи занон ва кӯдаконро ҳимоя намуда, озодии суханро дастгирӣ кардааст. Дахолати Шумо, ҷаноби Президент, дар қазияи Рухшона метавонад нишон диҳад, ки ИМА ҳамоно қалъаи шикастнопазири демократия ва шарафи инсонист.
Аз ин рӯ, бо эҳтироми зиёд, ва даъвати ҷиддӣ аз Шумо хоҳиш менамоям, ки чораҳои қатъӣ андешед:
• Бо изҳороти расмӣ оид ба парвандаи Рухшона Ҳакимова ва талаб кардани озодии фаврии ӯ ва ҳамаи маҳбусони сиёсии ноодилона маҳкумшуда садо баланд кунед.
• Ба ҳукумати Тоҷикистон фишори дипломатӣ ворид намоед, то таъқибу фишор болои рӯзноманигорон, ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ хотима ёбад.
• Баррасии таҳрими шахсӣ алайҳи шахсоне, ки дар сохтакории парвандаҳои ҷиноятӣ ва поймолкунии дағали ҳуқуқи инсон масъул ҳастанд, оғоз кунед.
Дахолати қатъии Шумо метавонад на танҳо ҷони бегуноҳонро наҷот диҳад, балки арзишҳои демократиро, ки миллионҳо одамон дар тамоми ҷаҳон барои онҳо мубориза мебаранд, ҳифз намояд.
Бо эҳтироми зиёд,
Шарофиддин Гадоев
Раиси Ҳаракати Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон
Амстердам, 7 феврали соли 2025