Sunday, July 6, 2025
No menu items!
HomeДар бораи моИзҳоротЛагерҳои Эрон — пур аз дард, шиканҷа ва марг барои муҳоҷирони афғонБаёнияи...

Лагерҳои Эрон — пур аз дард, шиканҷа ва марг барои муҳоҷирони афғонБаёнияи расмии Ҷунбиши Ислоҳт ва Рушди Тоҷикистон.

Ҷунбиши Ислоҳт ва Рушди Тоҷикистон бо тамоми масъулияти маънавӣ ва сиёсӣ, рафтори золимона, ваҳшиёна ва дури аз инсонияти мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эронро нисбат ба муҳоҷирону паноҳҷӯёни бегуноҳи афғон шадидан маҳкум менамояд.

Садҳо ҳазор муҳоҷири афғон — занон, кӯдакон, пиронсолон ва беморон — таҳти таъқиб, таҳқир, ихроҷи маҷбурӣ, зӯроварӣ ва беадолатиҳои мунтазами мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор доранд: онҳоро бо зӯр аз хонаҳояшон мебароранд, шиноснома ва визаҳояшонро нобуд месозанд, дар шароити ғайриинсонӣ нигаҳ медоранд, бе обу ғизо ба марз меандозанд ва дар сурати муқовимат — шиканҷа ва ҳатто қатл мекунанд. Пулис ва ниҳодҳои амниятии Эрон бо таҳдид, зӯр, шантаж ва ришваситонӣ амвол, пул ва пасандозҳои онҳоро ғасб мекунанд; онҳое ки имкони пардохти маблағи будубош дар лагерҳоро надоранд, мавриди латукӯб, шиканҷа, таҷовуз ва қатл қарор мегиранд. Режими ҳоким дар Эрон ба таври ошкор ба зӯроварии дастаҷамъӣ, табъизи миллӣ ва поймолсозии арзишҳои исломӣ машғул буда, бо чунин амалкардаш на танҳо ҳуқуқи байналмилалиро фоҷиабор нақз мекунад, балки фурӯпошии ахлоқӣ ва тамаддуни як низомеро намоиш медиҳад, ки худро бо номи ислом пинҳон мекунад, вале бар хилофи моҳияти ислом амал мекунад.

Чизи бисёр манфур ва нангин дар он аст, ки ҳамаи ин амалҳои ваҳшиёна маҳз дар он шароите анҷом меёбанд, ки мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо шиорҳои пурғавғо аз «бародарии порсӣ ва ҳамзабонӣ», «ваҳдати байни форсизабонҳо» ва «фарҳанги муштарак»-и мардумони Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон сухан мегӯянд. Мо бо овози баланд ва бидуни тардид изҳор медорем: ҳамаи ин суханон дурӯғ, риё ва найранг аст. Ин чӣ гуна тамаддун аст, ки дар он занонро то шикастани устухон мезананд, занони ҳомиларо аз автобусҳо ба зӯр берун мепартоянд ва кӯдаконро дар биёбонҳо ба марг раҳо мекунанд? Он «бародарӣ», ки ҳамеша аз он сухан мегӯянд, куҷост, вақте одамони бегуноҳеро, ки тамоми дороии худро аз даст додаанд, аз кишвар берун меандозанд — гӯё мавҷудоти беарзише бошанд, ки ҳатто сазовори муносибати оддии инсонӣ нестанд?

Дар моҳи муқаддаси Муҳаррам — моҳи ёдоварӣ аз шаҳодати Имом Ҳусайн (а), ки рамзи мубориза бо зулм ва адолати исломист — мо бо дард ва хашм мебинем, ки бо ҳазорон мусалмони афғон муносибати золимона ва ваҳшиёна сурат мегирад. Мо ба мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон хотиррасон мекунем: афғонҳо низ мусалмононд, бародарони шумо дар динанд. Шиканҷа, таҳқир, депортатсияи маҷбурӣ, таҷовуз ва қатл дар муқобили тамоми арзишҳои Ислом ва рӯҳи моҳи Муҳаррам қарор доранд. Агар воқеан худро ҳомиёни Ислом медонед — пас дар ин моҳ ба ҷойи зулм тавба кунед, раҳмат нишон диҳед ва аз поймол кардани шарафи мусалмонон даст кашед.

Мо аз кишварҳои мусалмон, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ ва созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ даъват менамоем, ки таҳқиқоти мустақили ҷиноятҳо ва нақзи оммавии ҳуқуқи инсонро аз ҷониби режими Ҷумҳурии Исломии Эрон нисбат ба муҳоҷирон ва паноҳҷӯёни афғон роҳандозӣ намоянд.

Ҷунбиши ислоҳ ва рушди Тоҷикистон эҳтиром ва ҳамбастагии комили худро бо мардуми озодандеши Эрон ва мардуми ранҷкашидаи Афғонистон изҳор медорад. Мо бо шумоем — дар дард, мубориза ва умед. Шумо бародарону хоҳарони мо ҳастед, ки моро ислом, фарҳанг ва тақдири муштарак ба ҳам мепайвандад.

Шарофиддин Гадоев
Роҳбари Ҷунбиши ислоҳт ва рушди Тоҷикистон
6 июли соли 2025

RELATED ARTICLES

Most Popular

Recent Comments

Discover more from Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон

Subscribe now to keep reading and get access to the full archive.

Continue reading