Шӯрои сиёсии Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон ҳукми ғоибонаи Додгоҳи Басмании шаҳри Маскавро нисбат ба роҳбари ин ҷунбиш Шарофиддин Гадоев ҳамчун як амали таъқибгароёнаи сиёсӣ, шадидан маҳкум мекунем. Ин ҳукмро як аҳруми фишори Русия ва афзоиши таҳдидҳои таъқибгароёнаи фаромарзии сиёсӣ аз ҷониби режимҳои Маскав ва Душанбе медонем.
Ҳукми 8,5 соли зиндон бо моддаи «фейкҳои ҳарбӣ» на танҳо як парвандаи сиёсӣ аст, балки як бахши стратегии васеътарест, ки ба даҳшатафканӣ ва хомӯш кардани муқовимати демократӣ равона шудааст ва таҳти ҳамоҳангии режимҳои Русия ва Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Сабаби таъқибҳои ҷиноӣ баромади Шарофиддин Гадоев бо забони тоҷикӣ дар соли 2022 дар канали ISLOH TV дар ҷараёни сафараш ба Украина мебошад, ки дар он ӯ ошкоро таҷовузи Русия алайҳи Украина ва қатли омми аҳолии осоиштаро маҳкум карда буд. Ин ҳукми додгоҳи Маскавро, ки роҳбари ҷунбиши сиёсии як кишвари мустақилро ҳамчун «экстремист»-ҳукм намуда аст. Аввалан дахолати ошкорои Русия ба фаолияти роҳбари як ҷунбиши сиёсӣ ғайри мантиқӣ ва дур аз меъёрҳои озодии баён мешуморем. Аммо мо ин амалро танҳо фишор намедонем, балки ҳамчун марҳилаи омодагӣ барои ҷисман аз байн бурдани роҳбари ҷунбиш арзёбӣ мекунем.
Ба иттилооти боэътимоде, ки дар ихтиёри ҷунбиши мо қарор дорад, аз 7 то 11 июли соли 2025 ҳайати хадамоти махсуси Тоҷикистон дар шаҳри Маскав қарор доштааст. Яке аз мавзӯъҳои асосии музокира бо ҳамтоёни рус, ҳамоҳангсозии амалиёти нобудсозии Шарофиддин Гадоев дар қаламрави Аврупо будааст. Ҳукми судие, ки дар Маскав интишор гашт замина барои амали эҳтимолии терроризми сиёсӣ дар сатҳи фаромиллӣ хидмат хоҳад кард.
Дар сурати амалӣ гардидани чунин сенария, тамоми масъулият эҳтимолан бар дӯши Русия бор карда мешавад, ки кишвари таҳти таҳримоти шадиди ҷаҳонӣ қарордошта аст, ки ин ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки тавассути ҳомии стратегии худ, масъулияти байналмилалиро аз гардани худ дур намояд.
Сенарияи монанд соли 2019 аллакай сурат гирифта буд, ки дар он хадамоти махсуси Тоҷикистон бо дастгирии ҳамтоёни русашон Шарофиддин Гадоевро аз Маскав рабуда буданд.
Режими Эмомалӣ Раҳмон, дар асл, таҳти назорати комили Федератсияи Русия қарор дорад ва ҳамчун проксии Кремл дар Осиёи Марказӣ амал мекунад. Солиёни дароз Русия пуштибони сиёсӣ ва амалии диктатураи Тоҷикистон буда, аз интиқоли технологияҳои саркӯбгар то иштирок дар рабудан, шиканҷа ва қатли мухолифони сиёсӣ дасти дароз дорад. Амалиёти муштараки ин ду режим боиси гусехтагии комили ҷомеаи шаҳрвандӣ, табдили Тоҷикистон ба як давлати тоталитарӣ ва саркӯби ҳар гуна дигарандешӣ гардидааст.
Мо ҳукумати феълии Тоҷикистонро ҳамчун як режими ғосиб ва таҳти идораи Кремлин арзёбӣ мекунем. Мо муборизаи беамони худро барои раҳоии кишвар аз таҳти идораи хориҷӣ, барқарорсозии соҳибихтиёрӣ, демократия ва истиқлоли комили миллӣ амалӣ мекунем.
Шӯрои сиёсии Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон
31.07.2025
Амстердам