Thursday, November 21, 2024
No menu items!
HomeДар бораи моИзҳоротИзҳороти Шарофиддин Гадоев дар мавриди таҳқири Иззат Амон аз ҷониби баъзе ашхоси...

Изҳороти Шарофиддин Гадоев дар мавриди таҳқири Иззат Амон аз ҷониби баъзе ашхоси муғриз.

Дар ин рӯзҳо масалаи қарздории Иззат Амон аз шаҳид Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов бори дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби баъзе афроди ғаразҷӯ доман зада шуда истодааст.

Дар ҳақиқат соли 2012 дар шаҳри Маскави Русия баъзе ҳамкориҳо миёни Умаралӣ Қувватов ва Иззат Амон вуҷуд дошт. Аз баски Иззат Амон шаҳрвандии Русияро дошт ва дар масоили ҳуқуқӣ ва ҳуҷатгузорӣ маълумоти кофӣ дошт, марҳум Умаралӣ Қувватов дар баъзе аз масоил аз ӯ кумак мехост. Марҳум Умаралӣ Қувватов барои иҷораи офис ва дигар хароҷотҳои марбут ба офис ва як мошини сабукрав ба Иззат Амон дар чанд марҳала тахминан ҳудуди 70 ҳазор доллари амрикоӣ масраф карда аст.

Мошини сабукрави ҷадид, ки арзишаш 40 ҳазор доллар буд бо номи Иззат Амон сабт шуда буду, вале мо онро истифода менамудем. Дақиқан дар соли 24.12. 2012 марҳум Умаралӣ Қувватов ба ИМАи шаҳри Дубай парвоз намуд ва дар онҷо боздошт гардид. Мо пас аз он дар охирҳои моҳи марти соли 2013 мошинро фурӯхтем. Мошин ба номи Иззат Амон ба қайд гирифта шуда буд. Вақте аз ӯ дархост намудем ӯ бе мамониат ба мо кумаки худро расониду мошинро фурӯхтем. Иззат Амон аз фурӯхта шудани мошин хабар надошт. Маблағи он мошин дар муборизаҳои сиёсӣ сарф гардид. Аз фурӯши мошин ва масорифи маблағ ҳамсари марҳум Умаралӣ Қувватов хонум Қумринисо Ҳафизова огоҳӣ надоштанд.

Пас бароятон маълум гашт, ки аз ин маблағи 70 ҳазор доллар, ки ба ду бахш тақсим мешуданд:

1. Қисми аввал мошини сабукрав буд, ки фурӯхта шуд ва маблағаш ба дасти мо ва дар ончи дар боло гуфтам масраф шуд.

2. Бахши дуввум масорифи муборизаҳои сиёсӣ буд, ки он ҳам харҷи худи мо буд, ки дар ин роҳ масраф шуданд ва марҳум аз он ҳама огоҳии комил доштанд.

Чуноне,ки аз навиштаи охири ҳамсари марҳум Умаралӣ Қувватов бар меояд, янга аз ин ҳама муомилот огоҳии комил надошта будаанд. Мо фикр кардем, ки марҳум Умаралӣ Қувватов ба ҳамсарашон гуфтаанд, вале чуноне мебинем хотиррасон накарда будаанд.

Хитоб ба ашхоси муғриз!!!

Онҳое, ки ғаразҳои сиёсӣ ба якдигар доред аз шумо хоҳиш мекунам дар бозиҳои худатон ҳамсари Умаралӣ Қувватовро дохил накунед. Мушкилоти худатонро бо шеваҳое муносиб анҷом диҳед, вале сӯистифода аз ҳамсари марҳум накунед ва ӯро ба ҳоли худаш гузоред. Баъзе аз шумо чанд сол аслан аз ӯ чизе намегуфтед. Чаро дар бозиҳои худ имрӯз ӯ ба ёдатон расид?

Беҳтарин хидмате, ки барои хотири марҳум шумо “дилсӯзон” метавонед анҷом диҳед, ба ҳоли худ гузоштани ӯ ва ҳамсару фарзандони ӯ мебошад.

Шарофиддин Гадоев

29. 01. 2021

RELATED ARTICLES

Most Popular

Recent Comments