Sunday, June 1, 2025
No menu items!
HomeХабарҳоИзҳороти Ҷунбиши «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» оид ба ҷиноятҳои режими Эмомалӣ Раҳмон...

Изҳороти Ҷунбиши «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» оид ба ҷиноятҳои режими Эмомалӣ Раҳмон дар ВМКБ, 18–19 майи соли 2022

Ҷунбиши «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» маҳкумияти қотеъ ва беамони худро нисбати саркӯби оммавӣ, қатлҳо ва таъқиби қавмии анҷомдодаи режими Эмомалӣ Раҳмон нисбати аҳолии осоиштаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) аз моҳи майи соли 2022 то имрӯз баён медорад.

Рӯзҳои 18–19 майи соли 2022, таҳти баҳонаи «амалиёти зиддитеррористӣ», неруҳои амниятии Тоҷикистон амалиёти фарогири ҷазодиҳиро алайҳи эътирозгарони осоишта дар шаҳрҳои Хоруғ ва Рӯшон ба роҳ монданд. Бино ба маълумоти тасдиқшуда, ҳадди ақал 38 нафар кушта шуданд — бисёре аз онҳо дар ҷойи ҳодиса паронда шуда, бархеи дигар пас аз боздошт шиканҷа ва кушта шуданд. Се сол аз он фоҷиа гузаштааст, аммо то ҳол ягон тафтиши мустақил ва ё байналмилалӣ баргузор нашудааст, ҳарчанд даъватҳои пайдарпай аз ҷониби созмонҳои ҳуқуқи башар ва хонаводаҳои ҷабрдида садо додаанд.

Аммо фоҷиа танҳо бо ин ду рӯз маҳдуд намешавад. Дар давраи аз соли 2022 то 2025, режим як маъракаи тарҳрезишуда ва мунзами террорро бар зидди аҳолии помирӣ ба роҳ монд:

• Зиёда аз 500 нафар ғайриқонунӣ боздошт шуда, шиканҷа гардиданд ва дар мурофиаҳои пушида бе дастрасӣ ба вакил ва нозирони байналмилалӣ ба муҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум гардиданд;

• Даҳҳо ҳомии ҳуқуқ, рӯзноманигор ва намояндагони зиёиёни ватанӣ, аз ҷумла Манучеҳр Холиқназаров ва Ульфатхонуми Мамадшоева, бар асоси иттиҳомҳои сиёсӣ ба муҳлатҳои аз 15 сол то ҳабси якумрӣ маҳкум гардиданд;

• Воқеаҳои ворид намудани агентҳо, рабудан ва истирдодҳои маҷбурии фаъолон аз кишварҳои сеюм, аз ҷумла Русия ва Туркия, рух доданд, ки ин бар хилофи ҳуқуқи байналмилалӣ ва Конвенсияи Женева дар бораи мақоми гурезаҳо мебошад.

Ҳамаи ин амалҳо дорои нишонаҳои ҷиноят алайҳи башарият мебошанд, аз ҷумла қатли ғайрисудӣ, боздоштҳои оммавӣ ва худсарона, шиканҷаи системавӣ, таъқиби қавмӣ ва маҳви ҳувияти иҷтимоӣ ва сиёсӣ аҳолии помирӣ мебошад.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба як «Бучаи дувум» дар қалби Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст — маконе, ки зери шиори мубориза бо терроризм, террор ва ваҳшоният алайҳи аҳолии осоишта роҳандозӣ гардид, ки қобили қиёс бо ҷиноятҳои ҷангӣ дар Украина мебошад.

Мо таъкид мекунем: ҷиноятҳои содиршуда дар ВМКБ масъалаи дохилии Тоҷикистон нест. Ин таҳдид ба амнияти минтақа, нақзи мунтазами ҳуқуқи байналмилалӣ ва нишондиҳандаи беҷазоии хатарнокест, ки пояҳои низоми ҳуқуқиро дар саросари АвруОсиё заиф месозад.

Бетарафии ҷомеаи байналмилалӣ танҳо режим Рахмонро ба ҷиноятҳои минбаъдаро ташвиқ мекунад. Мо адолат барои қурбониён, озодии ҳамаи маҳбусони сиёсӣ ва хотимаи саркӯбро алайҳи сокинони Бадахшон ва дигар минтақаҳои кишвар талаб дорем.

Бо ин дархост Ҳаракати «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» чунин изҳор медорад:

1. Мо аз ҷомеаи байналмилалӣ — СММ, Иттиҳоди Аврупо, САҲА, механизмҳои ҳуқуқи инсон ва кишварҳои демократӣ даъват менамоем, ки таҳқиқоти байналмилалиро оид ба ҷиноятҳои режими Эмомалӣ Раҳмон дар ВМКБ оғоз намоянд;

2. Мо хостори ҷорӣ намудани таҳримҳои шахсӣ алайҳи ҳамаи шахсони масъули ҳукумат ва сохторҳои қудратӣ, ки дар қатлҳо, шиканҷаҳо, рабудан ва маҳкум намудани шаҳрвандони осоиштаи Помир даст доранд, ҳастем;

3. Мо талаб менамоем, ки ҳамаи маҳбусони сиёсӣ ва қурбониёни саркӯби қавмӣ фавран озод карда шаванд;

4. Мо изҳор менамоем: режими Эмомалӣ Раҳмон бояд ба ҷавобгарии ҳуқуқии байналмилалӣ кашида шавад. Беҷазо мондани ин ҷиноятҳо танҳо боиси такрори зӯроварӣ ва нобудӣ мегардад.

Мо муборизаро барои ҳақиқат, озодии ҳамаи зиндонҳои сиёсӣ, хотимаи табъизи қавмӣ ва ояндае идома медиҳем, ки дар он дигар ҳеҷ як гӯшаи Тоҷикистон ба майдони амалиёти ҷазодиҳанда табдил наёбад.

19 майи соли 2025

Ҷунбиши «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон»

Амстердам, Нидерландия.

RELATED ARTICLES

Most Popular

Recent Comments

Discover more from Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон

Subscribe now to keep reading and get access to the full archive.

Continue reading