Thursday, November 21, 2024
No menu items!
HomeДар бораи моИзҳоротИзҳороти Ҷунбиши мардумии «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» ҷиҳати зиндонӣ кардани рӯзноманигор Хайрулло...

Изҳороти Ҷунбиши мардумии «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» ҷиҳати зиндонӣ кардани рӯзноманигор Хайрулло Мирсаидов

Ҷунбиши мардумии «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон», ки ба қазияи рӯзноманигор ва фаъоли ҷамъиятӣ Хайрулло Мирсаидов таваҷҷуҳи хоса дошт, судури ҳукми 12 соли зиндон дар баробари аъмоли ӯро, амали ғайриқонунӣ ва дур аз усули башардустӣ медонад.

Ҳамон тавр, ки пештар ишора доштем, паси дарҳои баста сурат гирифтани маҳкамаи Мирсаидов, ба дарозо кашидани тафтишу мурофиаи додгоҳӣ ва ба 12 соли зиндон ҳукм кардани як журналист аз фармоишӣ будани ин парванда далолат мекунад, ки пушти он Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон меистад.
Изҳороти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, ки имрӯз, 13 июл баъд аз талошҳои мо ҷиҳати расонаӣ гаштани нақши мансабдор дар ин парванда оҷилан пахш шуд, боз ҳам собит сохт, ки Прокурори генералии Тоҷикистон дар ин қазия шахсан манфиатдор аст.
Боиси таассуф ва шармсорист, ки дар ин изҳороти расмӣ, бархилофи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” ва Қонуни ҶТ “Дар бораи прокуратура” Юсуф Раҳмон баррасиҳои матбуотии ин парвандаро қотеъона манъ кардааст.
Мо бар онем, ки ин худсарӣ ва амалҳои ғайриқонунии ин мансабдор бояд мавриди таваҷҷуҳи мақомоти зирабти Тоҷикистон, хоса Шурои амнияти Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии ҶТ қарор гирад.

Ҳарчанд борҳо созмонҳои ҳуқуқи башар ва кишварҳои кӯмакрасони Ҳукумати Тоҷикистон ҳушдор додаанд, ки мақомоти алоҳидаи кишвар аз саркуб кардани дигарандешиву озодии баён, боздошту ҳабси фаъолони сиёсӣ, бо шумули вакилони мудофеъ ва рӯзноманигорон худдорӣ варзанд, аммо вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар боз ҳам ваҳимтар мешавад, ки бидуни шубҳа нақши Прокуратураи генералӣ дар он калидист.
Маврид ба тазаккур аст, ки дар замони роҳбарии ҳич кадоме аз прокурорҳои генералии Тоҷикистон боздошту ҳабс кардани бегуноҳон, фишор ба рӯзноманигорону дигарандешону мухолифини сиёсӣ ва хешовандони онҳо, бастани расонаҳо, шиканҷаи боздоштшудагон ва ҳатто қатлҳои ғайридодгоҳӣ ба ин ҳадд ривоҷ наёфта буд, ки дар замони раҳбарии Юсуф Раҳмон.

Мо бар онем, ки ин вазъи мудҳиш аз ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, Ҳукумати кишвар, Маҷлиси Олии ҶТ, созмонҳои ҷаҳониву минтақаӣ, назири Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо, Созмони Аҳдномаи дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, кулли созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи башар ва журналистӣ тақозои амалҳои фаврӣ мекунад.
Хомӯш будан дар баробари ин силилаи қонуншиканиву беадолатиҳо ва бозиҳо бо тақдири инсонҳои озод ширкат доштан дар ин аъмоли нораво аст.
Бинобар ин, мо аз ҷомеаи шаҳрвандии кишвар, ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва ҷомеаи журналистии кишвар даъват мекунем, ки дар баробари ин қазия хомӯшӣ ихтиёр накунанд, балки аз Хайрулло Мирсаидов бо шеваҳои муносиб пуштибонӣ намоянд. Дар ин рӯзҳои сиёҳ дар канори волидон ва хонаводаи ӯ бошанд.
Ҳамзамон ҷунбиши мардумии “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” аз созмонҳои бонуфузи ҳифзи ҳуқуқи башар ва созмонҳои журналистӣ даъват ба амал меорад, ки ҷиҳати омӯзиши аъмоли ғайриқонунии Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, ки ба нақзи сартосарии ҳуқуқи башар, минҷумла қатлҳои ғайридодгоҳӣ равона гаштаанд, гуруҳи кории муштарак созмон дода, масъалаи ворид кардани исми ӯ ба “Руйхати Магнитский”-ро баррасӣ намоянд.

Мо аз ҷониби худ омодаем, дар таҳияи кӯмакҳои молӣ ба волидони Хайрулло Мирсаидов, кирояи вакилон барои дифоъи ӯ, тарҷумаи парванда, таҳияи намоишу маъракаҳои эътирозӣ ва ҳар амали зарури дигар саҳм гирифта, маълумоти зирабти ин қазияро дар ихтиёри созмонҳои ҳуқуқи башар ва журналистӣ қарор диҳем.
Мо ба он боварем, ки ин талошҳо ҳаройина ба озодии комили Хайрулло Мирсаидов оварда мерасонанд.
Тоҷикистон ватан ва пуштибони ҳар фарзандаш аст.
Биёед бо ҳам инро барои худ ва ҷаҳониён бори дигар собит созем.

Шарофиддин Гадоев,
Ҳамоҳангсози
Ҷунбиши мардумии «Ислоҳот ва
рушди Тоҷикистон», 13 июли соли 2018

RELATED ARTICLES

Most Popular

Recent Comments