Wednesday, March 26, 2025
No menu items!
HomeХабарҳоИЗҲОРОТИ ҶУНБИШИ «ИСЛОҲОТ ВА РУШДИ ТОҶИКИСТОН» ОИД БА ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОНӢ 2 МАРТИ...

ИЗҲОРОТИ ҶУНБИШИ «ИСЛОҲОТ ВА РУШДИ ТОҶИКИСТОН» ОИД БА ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОНӢ 2 МАРТИ СОЛИ 2025

Мо интихоботи парлумонии 2 марти соли 2025-ро, ки дар Тоҷикистон баргузор гардид, маҳкум мекунем ва натиҷаҳои онро эътироф намекунем. Ин маъракаи сохтакорӣ ҳеч рабте ба принсипҳои интихоботи демократӣ надошта, намунаи навбатии ғасби ҳокимият аз ҷониби режими худкомаи Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Интихобот як саҳнасозии қаблан тарҳрезишуда буд, ки бо нақзи ошкори қонунгузории миллӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ танҳо барои идомаи ҳукмронии як шахс ва оилаи ӯ ташкил карда шуд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР) эълон кард, ки сатҳи иштироки интихобкунандагон 85,3% (4 712 967 нафар аз 5 525 166 интихобкунандаи сабтиномшуда)-ро ташкил додааст. Вале ин рақам комилан бардурӯғ буда, бо иштироки воқеӣ ҳеҷ иртиботе надорад. Ҳатто дар демократитарин кишварҳо, ба чунин нишондиҳандаҳо расидани шуморирайъдиҳандагон имкон надорад, хусусан дар шароити набудани рақобати воқеии сиёсӣ.

Бар асоси маълумоти манбаъҳои мустақил, дар асл, шумораи воқеии иштироккунандагон дар интихобот ҳамагӣ 304 301 нафар-ро ташкил дода, ки танҳо 5,51% аз шумораи умумии интихобкунандагон мебошад. Ин маънои онро дорад, ки зиёда аз 94% шаҳрвандон интихоботро бойкот намуда, ба ин васила беэътимодии худро ба режим нишон дода, аз иштирок дар ин намоиши сиёсӣ даст кашиданд.

Яке аз дағалтарин қонуншиканиҳои ин интихоботи тақаллубӣ маҳрум сохтани шаҳрвандон аз ҳаққи овоздиҳӣ мебошад. Бисёре аз мардум даъватнома барои иштирок дар интихобот нагирифтанд, ва бисёр участкаҳои интихоботӣ танҳо дар рӯи коғаз вуҷуд доштанд, аммо дар асл фаъол набуданд. Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо пешниҳоди протоколҳои сохта, тасаввуроти интихоботи шаффофро эҷод намуд, ҳол он ки дар воқеият интихоботе баргузор нашудааст. Ҳамчунин, ҳукумат қасдан дар садҳо русто ва минтақаҳои дурдаст участкаҳои интихоботиро боз накард ва овоздиҳиро танҳо дар шаҳрҳои калон маҳдуд сохт, ки ин аз кӯшиши ғасби комили ҳокимият шаҳодат медиҳад.

Интихоботи соли 2025 бори дигар собит сохт, ки институтҳои демократӣ дар Тоҷикистон комилан нобуд карда шудаанд ва ҳокимият пурра дар дасти як оила мутамарказ гардидааст. Ҳама сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ таҳти назорати мутлақи режими Раҳмон қарор дошта, интихобот на ҳамчун механизми ифодаи иродаи мардум, балки танҳо як василаи тамдиди ҳукмронии як шахс истифода шудааст.

Набудани рақобати сиёсӣ – Ҳеч ҳизби мустақили сиёсӣ ба интихобот роҳ дода нашуд. Ҳизбҳои сабтиномшуда танҳо василаи идорашаванда ва зери назорати мақомот буда, рақобати воқеӣ миёни нерӯҳои сиёсӣ вуҷуд надошт. Тақсими курсӣ дар парлумон аз қабл тибқи фармоиши Эмомалӣ Раҳмон муайян гардида буд.

Сохтакории куллии натиҷаҳо – Ҳамаи маълумотҳои пешниҳоднамудаи КМИР таҳрифшуда ва дурӯғ мебошанд. Нозирони мустақили дохилӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла САҲА/БДИПЧ, ба раванди интихобот роҳ дода нашуданд, ки ин поймолкунии ошкори стандартҳои байналмилалӣ мебошад.

Тамоми ВАО-и мустақил аз инъикоси интихобот маҳрум карда шуданд, расонаҳои иҷтимоӣ таҳти фишори сахти мақомот қарор гирифтанд, ва интернет зери назорати қатъӣ қарор дошт. Интихобот бидуни назорати ҷамъиятӣ ва бо нақзи ошкори ҳуқуқҳои интихоботӣ баргузор гардид.

То 3 миллион шаҳрванди тоҷик, ки дар хориҷ қарор доранд, ба рӯйхати интихобкунандагон ворид карда шуданд, гарчанде ки беш аз 2,5 миллион нафари онҳо ҳаққи овоздиҳӣ доштанд, аммо дар воқеият натавонистанд дар интихобот ширкат варзанд.

Марказҳои холии интихоботӣ – Видеонаворҳо ва аксҳои интишоршуда тавассути расонаҳои давлатии Тоҷикистон набудани навбат ва иштироки воқеии интихобкунандагонро собит месозанд, ки хилофи изҳороти расмии шумораи воқеии иштироккунандагон хеле кам мебошад.

Рад кардани режими Эмомалӣ Раҳмон аз роҳ додани ҳайати нозирони САҲА ба Тоҷикистон шикасти комил ва тарси мақомотро аз арзёбии мустақилонаи интихобот нишон медиҳад. САҲА ошкоро эътироф кард, ки маҳдудиятҳои шадиди дастрасӣ ва набудани кафолати амният онҳоро маҷбур сохт, ки аз мониторинг худдорӣ намоянд. Ин иқдоми ҷомеаи байналмилалӣ як ҳақиқати ошкорро тасдиқ мекунад: интихоботи баргузоршуда ҳеч рабте ба демократия надорад ва танҳо механизми дигаре барои тамдиди ҳокимияти як шахс мебошад.

Режими Эмомалӣ Раҳмон даҳсолаҳо боз бо таъқиб ва саркӯби рақибони сиёсӣ, маҳви ҷисмонӣ, боздоштҳои худсарона ва қатли оммавӣ мухолифини худро аз байн мебарад.

Шахсиятҳои бонуфузи мухолиф, ба монанди Зайд Саидов, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Муҳаммадалӣ Ҳаит, Саидумар Ҳусайнӣ, Иззат Амон, Максуд Иброҳимов, Фаромуз Эргашев, Суҳроби Зафар ва ҳазорон фаъоли дигари сиёсӣ бо парвандаҳои сохтакорӣ зиндонӣ карда шуданд. Даҳҳо ҳазор нафар маҷбур шуданд, ки кишварро тарк кунанд.

Ҷунбиши «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» изҳор медорад, ки интихоботи парлумонии соли 2025 фиреб ва амали зиддӣ сарқонуни кишвар буда, ҳеҷ асос барои эътироф шудан надорад. Дар робита ба ин, мо:

Натиҷаҳои онро эътироф намекунем ва аз ҳама давлатҳои демократӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳо даъват менамоем, ки ин раванди ғайриқонуниро маҳкум кунанд.

Талаб менамоем, ки алайҳи режими Эмомалӣ Раҳмон ва шахсоне, ки дар тақаллуби интихобот, саркӯби мухолифин ва поймолкунии дағалонаи ҳуқуқи инсон даст доранд, таҳримоти байналмилалӣ ҷорӣ карда шаванд.

Аз созмонҳои байналмилалӣ даъват мекунем, ки фишор ба режими Раҳмонро зиёд намоянд, то барқароркунии низоми демократӣ ва гузаронидани ислоҳоти воқеии сиёсӣ таъмин карда шавад.

Таъкид менамоем, ки ояндаи Тоҷикистон танҳо тавассути ислоҳоти воқеии демократӣ имконпазир аст, на тавассути намоиши интихоботи тақаллубӣ.

Миллати тоҷик ҳуқуқи табиии худро ба изҳори озоди ирода, интихоби воқеӣ ва иштирок дар идораи кишвараш дорад. Мо муборизаро барои барқарорсозии тартиботи конститутсионӣ, адолат ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон идома медиҳем.

Бидуни интихоботи озод – демократия вуҷуд надорад!
Бидуни демократия – Тоҷикистон оянда надорад!

Шарофиддин Гадоев
Раиси Ҷунбиши «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон»
3 марти соли 2025, Амстердам

RELATED ARTICLES

Most Popular

Recent Comments

Discover more from Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон

Subscribe now to keep reading and get access to the full archive.

Continue reading