Friday, February 7, 2025
No menu items!
HomeДар бораи моИзҳоротИзҳороти Ҷунбиши «Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон» дар бораи ҳукмҳои сиёсӣ вобаста ба...

Изҳороти Ҷунбиши «Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон» дар бораи ҳукмҳои сиёсӣ вобаста ба парвандаи сохта дар мавриди «кудатои давлатӣ» дар Тоҷикистон

Ҷунбиши «Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон» шадидан ҳукмҳои дорои ангезаҳои сиёсӣ нисбати шахсони маъруфи ҷомеа ва сиёсатмадорон, ҳуқуқшиносон, рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқро дар доираи парвандаи сохтаи ба ном «кӯшиши кудатои давлатӣ» маҳкум мекунад! Ин раванд идомаи саркӯби доими ва пайдарпайи озодиҳои шаҳрвандӣ, беқонунӣ ва терроризми сиёсӣ ва давалти мебошад, ки аз ҷониби режими худкомаи Эмомалӣ Раҳмон анҷом дода мешавад. Ин амалҳо нишон медиҳанд, ки ҳукумати кунунӣ мехоҳад ҳар гуна андешаи дигар ва фаъолияти мустақили ҷамъиятиро дар кишвар пурра аз байн барад. Мо ин амалҳоро як шакли терроризми сиёсӣ ва давлати арзёбӣ мекунем, ки ҳадафи он саркӯб кардани афкори мухолиф ва маҳви озодандешӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Дар байни шахсони мавриди таъқиб қароргирифта чеҳраҳои барҷастаи ҷомеаи тоҷик ҳастанд, аз ҷумла:
• Акбаршо Искандаров – раиси пешини Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва яке аз меъморони истиқлолияти кишвар,
• Шокирҷон Ҳакимов – ҳуқуқшиноси маъруф, доктори илмҳои ҳуқуқ, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон,
• Аҳмадшо Комилзода – рӯзноманигори мустақил,
• Рухшона Ҳакимова – рӯзноманигор.
Илова бар онҳо, даҳҳо фаъолони ҷамъиятӣ ва сиёсатмадорон беасос дастгир ва ба мӯҳлатҳои тӯлонии маҳрумият аз озодӣ (аз 8 то 27 сол) бо мусодираи амвол маҳкум шуданд. Муҳокимаҳои додгоҳӣ ба таври пӯшида баргузор гардиданд, бе риояи ҳадди ақали қоидаҳои адолати додгоҳӣ, ва ҳукмҳо бар асоси иттиҳомҳои сохтаи сохторҳои қудратии режим содир шудаанд. Ин ҷо нақзи тамоми қонунҳои башарӣ ва байналмилаллӣ бармало дида мешавад.

Таъқиби мухолифон, расонаҳои мустақил ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба як сиёсати мунтазам ва пайгирона мақомоти Тоҷикистон табдил ёфтааст. Дар тӯли 33 соли ҳукмронии мутлақ, Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар як режими тоталитарӣ таъсис дод, ки барои ҳама гуна ниҳодҳои демократӣ хатар эҷод кпрда, низоми додгоҳӣ фақат ҳамчун абзори таъқиби сиёсӣ истифода мешавад. Дар Тоҷикистон ба ҳукмҳои додгоҳӣ бидуни таҳлили воқеият ва далелҳо қарор қабул шуда, шиканҷа дар раванди тафтишот ва боздоштҳои беасос ба як падидаи маъмул табдил ёфтаанд. Дар натиҷа, кишвар ба як давлати пулисӣ табдил ёфтааст, ки дар он ҳар гуна эътироз бо усулҳои зулмгарона фавран пахш карда мешавад.

Ин сиёсати ҳукумати Тоҷикистон на танҳо барои ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунад, балки метавонад сабаби нооромии минтақа гардад. Саркӯби пайдарпайи мухолифон, набудани ниҳодҳои мустақили сиёсӣ, афзоиши ноустувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва таъқибу фишори шадиди афроди мухолиф боиси афзоиши шиддат дар ҷомеа мешавад. Агар ин вазъ идома ёбад, эҳтимоли зиёд дорад, ки нооромиҳои иҷтимоӣ рӯй зада, Осиёи Марказиро хатари бесуботӣ таҳдид мекунад.

Бо дарназардошти ин, Ҷунбиши «Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон» даъват мекунад, ки Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Иттиҳоди Аврупо (ИА), Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ҳукуматҳои кишварҳои демократӣ, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Британияи Кабир, инчунин ташкилотҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ, чораҳои фаврӣ ва қатъӣ барои фишор ба ҳукумати Тоҷикистон андешанд.

Аз ҷумла, мо талаб мекунем:

  1. Ҳукмҳои содиршударо ҳамчун сиёсӣ эътироф намуда, озодии фаврии ҳамаи маҳкумшудагонро талаб намоянд.
  2. Бар зидди судяҳо, прокурорҳо, кормандони сохторҳои қудратӣ ва мансабдороне, ки дар сохтакории парвандаҳо ва поймолкунии ҳуқуқи инсон даст доранд, таҳримҳои шахсӣ ҷорӣ кунанд.
  3. То қатъи таъқибҳои сиёсӣ ва барқароршавии равандҳои демократӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва молиявии байналмилалӣ бо режими Тоҷикистон маҳдуд карда шаванд.
  4. Ҳамкорӣ бо сохторҳои қудратии Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД), Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) ва Прокуратура қатъ карда шавад, зеро онҳо мунтазам аз зӯр ва шиканҷа бар зидди шаҳрвандон истифода мекунанд.
  5. Ба мухолифини сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ҳамчун алтернативаи ягона ба диктатура кӯмаки сиёсӣ, дипломатӣ ва молиявӣ расонида шавад.
  6. Дар доираи СММ ва Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноятӣ таҳқиқоти байналмилалӣ оид ба ҷиноятҳои зидди башарият, аз ҷумла қатлҳои ғайридодгоҳӣ, нопадидшавиҳои маҷбурӣ, истифодаи шиканҷа ва таъқибҳои оммавии сиёсӣ, ки аз ҷониби режими Тоҷикистон анҷом дода мешаванд, оғоз карда шавад.

Вазъияти баамаломада тасдиқ мекунад, ки Тоҷикистон ба як давлати худкома бо унсурҳои зиёди тоталитаризм табдил ёфтааст, ки дар он волоияти қонун, додгоҳи мустақил ва озодии сухан пурра аз байн рафтаанд. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки ҳеҷ як режими саркӯбгар наметавонад абадан боқӣ монад.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд халқи Тоҷикистонро дар муқобили як ҳукумати зулмгар танҳо гузорад ва поймолшавии пайдарпайи ҳуқуқи инсонро нодида гирад. Фақат тадбирҳои қатъӣ ва ҳамоҳангшуда метавонанд ба озодшавии маҳкумшудагони бегуноҳ ва барқароршавии низоми демократӣ дар кишвар мусоидат намоянд.

Шарофиддин Гадоев
Раиси Ҷунбиши «Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон»
5 феврали соли 2025
Амстердам

RELATED ARTICLES

Most Popular

Recent Comments

Discover more from Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон

Subscribe now to keep reading and get access to the full archive.

Continue reading