Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон ба хонавода ва наздикони Зулфия Мирзодаева, модари зиндониҳои сиёсӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии помирӣ, бародарон Ниёзшо, Аслон ва Азим Гулобов, ҳамдардии амиқи худро изҳор менамояд. Мо дар ин лаҳзаи сахт бо шумо ҳамдард буда, дарди шуморо хуб дарк мекунем.
Марги Зулфия Мирзодаева паёмади фоҷиавии ноадолатӣ ва фишорҳое мебошад, ки сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) бо он рӯбарӯ ҳастанд. Режими Эмомалӣ Раҳмон масъулияти комилро барои ранҷу азобҳои оилаҳои бегуноҳе, ки аз сиёсати репрессивии ӯ азият мекашанд, бар дӯш дорад. Парвандаҳои судии бародарон Гулобов, ки паси дарҳои баста сурат гирифтанд, нақзи фоҳиши ҳуқуқи инсон ва адолат мебошанд. Ин амалҳо шаҳрвандони тоҷикро аз ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдии худ маҳрум мекунанд.
Бадахшониҳо, ҳамчун дигар ақаллиятҳои этникӣ ва мазҳабӣ дар Тоҷикистон, аз табъиз ва фишорҳои бисёрсола азият мекашанд, ки пас аз саркӯби шадиди эътирозҳо сар аз ноябри соли 2021 боз ҳам шадидтар гардид.
Даҳҳо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъолон, ҳуқуқшиносон, рӯзноманигорон ва блогерон пас аз мурофиаҳои пушти дарҳои баста ба муҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд, ки ин боиси нигаронии ҷиддии мо буда, ҳамеша ин аъмоли саркубгаронаи режимро маҳкум кардаем.
Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон ин тадбирҳои репрессивии режими Раҳмонро шадидан маҳкум мекунад. Мо ҷомеаи байналмилалӣ ва тамоми қувваҳои бетафовутнабударо даъват мекунем, ки ба рӯйдодҳои Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хосса кунанд ва кӯшишҳо барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони кишварро дастгирӣ намоянд.
Ёди Зулфия Мирзодаева ва дигар қурбониёни ин режим бояд ҳамчун як ҳушдори ҳамешагии идомаи мубориза барои озодӣ, адолат ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон хизмат кунад.
Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон беадолатиҳои режими Раҳмонро қатъиян маҳкум намуда, таъкид мекунад, ки беадолатӣ ва табъиз нисбати ақаллиятҳои этникӣ ва мазҳабӣ набояд дар ҷомеаи мо ҷой дошта бошад. Мо ҷомеаи байналмилалиро даъват менамоем, ки ба вазъи фоҷиабори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон диққати бештар диҳанд ва кӯшишҳои худро барои ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон афзоиш диҳанд.
Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон
03. 09.2024
Амстердам