Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон изҳори нигаронии амиқ ва маҳкумияти қатъии худро нисбат ба табъизи низомӣ ва доимӣ, ксенофобия ва нафрати қавмӣ, ки мутаассифона як ҷузъи сиёсати дохилии Федератсияи Русия шудааст, баён менамояд. Аз ҳама ташвишовар боздошти Таҳмина Самадова, ки шаҳрванди Русия ва Тоҷикистон ва модари ҳафт фарзанд мебошад. Ин қазия як намунаи рӯшани таъқиби доимӣ ақаллиятҳои миллӣ мебошад.
Ин ҳодиса нишон медиҳад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия бо таҳқир, таҳдид ва таҳдиди доимӣ танҳо барои мансубияти миллиашон рӯ ба рӯ мешаванд. Боздошти Таҳмина Самадова ва фишорҳои минбаъда нисбат ба ӯ танҳо як воқеаи ҷудогона нест, балки як қисми маъракаи густурдаи давлатӣ барои барангехтани нафрати қавмӣ ва парешон кардани диққати мардум аз мушкилоти дохилии Русия мебошад. Ксенофобия, ки ҳамчун як абзори таблиғоти давлатӣ истифода мешавад, ки ҳуқуқи инсон ва низоми ҳуқуқи байналмилалиро зери суол мебарад.
Русия ҳуқуқи ахлоқиву маънавӣ худро барои будан дар қатори узвияти масъули ҷомеаи байналмилалӣ аз даст додааст. Сиёсати фишороваронаи дохилии он дар сиёсати хориҷии таҷовузкораш инъикос ёфтааст: ҷанг дар Украина, ишғоли қаламравҳо дар Гурҷистон ва Молдова ва дахолати доимӣ ба корҳои давлатҳои соҳибихтиёр, гувоҳи аз он медиҳад. Ин амалҳо суботи минтақавӣ ва байналмилалиро халалдор намуда, Русияро ба як таҳдиди ҷиддӣ барои амнияти ҷаҳонӣ табдил медиҳанд.
Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон талаб мекунад, ки мақомоти Тоҷикистон ба ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони худ, аз ҷумла Таҳмина Самадова, иқдомоти фаврӣ ва қатъӣ андешанд. Мо аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунем, ки тамоми воситаҳои дипломатӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсиро барои хотима додан ба ин амалҳои табъизкорона истифода барад.
Ҳамзамон, мо аз мардуми Тоҷикистон даъват мекунем, ки дар мубориза бо ин ноадолатиҳо муттаҳид ва ҳамдил бошанд. Агар Русия фавран Таҳмина Самадоваро озод накунад ва табъиз нисбат ба шаҳрвандони тоҷикро қатъ нанамояд, Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон ба амалҳои зерин даъват мекунад:
- Хориҷ кардани пойгоҳи низомии 201-уми Русия аз Тоҷикистон, ки рамзи тавсеаталабии Русия ва воситаи назорату таҳдид ба истиқлолияти кишвари мо мебошад.
- Баромади Тоҷикистон аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД), ки ба абзори густариши ҳукмронии Русия табдил ёфтаанд ва истиқлолияти моро халалдор мекунанд.
Мо инчунин аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват мекунем, ки ба поймолкуниҳои ҳуқуқи инсон ва зуҳуроти ксенофобия дар Русия таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намояд. Сиёсатҳое, ки бар табъиз ва таҷовуз асос ёфтаанд, таҳдиде ҷиддӣ ба амнияти ҷаҳонӣ мебошанд. Мо талаб менамоем, ки чунин амалҳо ҳамчун ҷузъи идеологияи давлатӣ, ки бо принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мухолифат доранд, эътироф шаванд.
27 январи соли 2025
Ҳаракати Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон