Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон қатли оммавии зиндониёнро, ки рӯзи 3 феврали соли 2025 дар зиндони Ваҳдат рух дод, шадидан маҳкум мекунад. Ин ҷиноят хусусияти қатли барқасдона ва бодиққат тарҳрезишударо дорад, ки аз ҷониби мақомоти қудратии Тоҷикистон ташкил ва иҷро шудааст. Бо баҳонаи саркӯби “шӯриш” як қатли оммавии ҳадафмандона анҷом дода шуд, ки дар асл қатли бидуни мурофиаи додгоҳӣ мебошад.
Чаро ин шӯриш набуд, балки як амалиёти ба нақша гирифташудаи нобудсозӣ буд?
Якум, тибқи маълумоти дастрас, ба ҳар як кушташуда аз се то панҷ тир зада шудааст. Чаро мақомоти қудратӣ танҳо ба захмӣ кардани маҳбусон иктифо накарданд, балки онҳоро бо тарзе тирборон карданд, ки бо итминон онҳо ҳалок шаванд? Дар чунин ҳолатҳо усулҳои безарарсозӣ, аз ҷумла истифодаи тирҳои резинӣ, гази ашковар ё тири ҳадафнок ба пой ва дастон, пешбинӣ шудааст. Аммо дар ин ҳодиса ҳамаи кушташудагон бе истисно ба қатл расонида шуданд. Ин далели он аст, ки ин як нобудсозии барқасдона буд.
Дуюм, мақомот дар бораи марги танҳо се нафар хабар доданд, аммо манбаъҳои мустақил марги ҳадди ақал ҳафт нафарро тасдиқ мекунанд:
- Ҳасанов Суҳроб Сафармадович (09.02.1991) – маҳкум ба 14 сол (31.10.2018 – 31.10.2032).
- Ҳасанов Ҷамолиддин Камолиддинович (07.03.1986) – маҳкум ба 7,5 сол (17.05.2019 – 17.11.2026).
- Тилабов Али Тилабович (10.07.1993) – маҳкум ба 14 сол (10.07.2021 – 10.07.2035).
- Орузев Шаҳзод Ҷамшедович (21.05.2001) – маҳкум ба 19 сол (27.05.2021 – 27.05.2040).
- Бурҳонов Шуҳрат Муҳамадиевич (25.09.1984) – маҳкум ба 12,5 сол (12.02.2013 – 12.08.2025).
- Ҷураев Маҳмадшариф Бобомуродович (14.06.1984) – маҳкум ба 13 сол (01.08.2023 – 01.08.2036).
- Давлатов Фарҳод Саймаҳмадович (07.03.1988) – маҳкум ба 2 сол (02.09.2024 – 02.09.2026).
Ҷолиб он аст, ки Ҳасанов Ҷамолиддин Камолиддинович ва Бурҳонов Шуҳрат Муҳамадиевич наздик ба анҷоми мӯҳлати маҳкумияти худ буданд ва бояд солҳои 2025–2026 озод мешуданд. Чӣ гуна чунин ашхос метавонистанд дар шӯриш иштирок кунанд, дар ҳоле ки онҳо бояд ба зудӣ озод мешуданд?
Сеюм, бисёре аз кушташудагон зери назорати қатъӣ буданд ва баъзеи онҳо моҳи охирини ҷазои худро паси сар мекарданд. Чаҳор нафар дар рӯйхати “майл ба фирор” буданд, ки маънои назорати 24-соатаро дошт. Чӣ гуна онҳо метавонистанд шӯриши оммавиро ташкил кунанд?
Ба илова, дар ҷасади яке аз кушташудагон кулоҳе бо рамзи ташкилоти террористии Давлати Исломӣ (ИГИЛ) ёфт шудааст. Чӣ гуна ин ашё ба яке аз зиндонҳои ҳифозатшудаи кишвар ворид шуда метавонад? Ин далели он аст, ки мақомоти қудратӣ бо роҳи сохтакории далелҳо барои қатли оммавӣ асос эҷод кардаанд.
Мавқеъ ва ҳадафҳои мақомоти Тоҷикистон
Ин аввалин ҳолат нест, ки ҳукумати Тоҷикистон «ошӯб»-ҳоро сохтакорӣ мекунад, то қатли омро сафед намояд. Ҷиноятҳои шабеҳ аллакай дар солҳои 2018 ва 2019 содир шуда буданд. Ҳамон вақт, мисли ҳозир, эълон шуд, ки гӯё исён сар задааст, аммо дар натиҷа ҳамаи «ошӯбгарон» кушта шуданд, на дастгир. Ҳеҷ кадоме аз ин парвандаҳо таҳқиқ нашуданд.
Ҳадафи чунин сохтакориҳо равшан аст: нобуд кардани зиндониёни сиёсии, тарсонидани ҷомеа ва нишон додани қудрати сохторҳои қудратӣ. Илова бар ин, чунин амалиёт метавонанд барои пинҳон кардани нишонаҳои шиканҷа ё қатлҳои ғайриқонунӣ, ки қаблан дар зиндон рух дода буданд, истифода шаванд.
Ин вазъият саволҳои ҷиддиро ба миён меорад:
• Чаро зиндониён кушта шуданд, на боздошт?
• Чаро шумораи аслии қурбониён пинҳон карда мешавад?
• Чаро дар байни кушташудагон шахсоне ҳастанд, ки таҳти назорати қатъӣ қарор доштанд ва наметавонистанд дар ошӯб иштирок кунанд?
• Кӣ барои истифодаи нерӯи марговар алайҳи зиндониёни бесилоҳ масъул аст?
• Чаро ҳукумат сабтҳои камераҳои назоратиро, ки дар ҳар зиндон насб шудаанд, нашр намекунад?
Чӣ гуна метавон фаҳмонид, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон «ошӯбҳо» ҳамеша бо қатли ом анҷом меёбанд? Чаро дар дигар кишварҳо исёнҳои зиндониён бо камтарин талафот пахш карда мешаванд, аммо дар Тоҷикистон ҳамеша бо қатли ом? Ҷавоб маълум аст: дар зиндонҳои Тоҷикистон қатли оммавӣ анҷом дода шуд ва баҳонаи “шӯриш” танҳо барои пинҳон кардани ҷинояти мақомот истифода шудааст.
Талаботи мо
Дар робита ба ин, Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон талаб мекунад:
- Гузаронидани таҳқиқоти мустақили байналмилалӣ таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон. Лозим аст, ки ҳақиқати қатли ом пурра ошкор карда шавад.
- Ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми шахсони дар ин ҷиноят дастдошта, аз ҷумла роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва маъмурияти зиндон.
- Нашри ҳамаи сабтҳои видеоӣ аз камераҳои назоратӣ, ки метавонанд ҳодисаи 3 феврали соли 2025-ро сабт карда бошанд. Агар ҳукумат дар иддаои худ ростқавл бошад, бигзор далелҳоро нашр кунад.
- Таъмини дастрасии озоди вакилони дифоъ ва ҳомиёни ҳуқуқ ба хешовандони қурбониён, то маълумоти комил дар бораи ҳодиса ҷамъоварӣ шавад.
- Қатъи қатлҳои ғайриқонунии зиндониён дар Тоҷикистон ва таъмини риояи меъёрҳои байналмилалӣ дар муносибат бо маҳбусон.
Мо ба хонаводаҳои қурбониён ҳамдардии амиқи худро баён мекунем. Ин ҷиноят набояд беҷазо монад. Агар ҷомеаи байналмилалӣ вокуниши сахт нишон надиҳад, ҳукумати Тоҷикистон ба кушторҳои ғайриқонунӣ ҳамчун воситаи тарсондан идома хоҳад дод.
Мо аз тамоми созмонҳои байналмилалӣ даъват мекунем, ки ба ин ҷинояти қатли ом таваҷҷӯҳ намоянд ва барои ошкор сохтани ҳақиқат чораҷӯӣ кунанд.
Шарофиддин Гадоев
Раиси Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон
5 феврали 2025
Амстердам