Saturday, November 23, 2024
No menu items!
HomeХабарҳоИди Қурбон муборак

Иди Қурбон муборак

Ҷунбиши мардумии «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» миллати шарифи Тоҷикистон ва кулли мусулмонони дунёро ба муносибати Иди Саъиди Қурбон табрику тахният гуфта, дар ин рӯзи муқаддас ва фархунда аз даргоҳи Худованди мутаъол барояи ҳар як мусулмон мағфирати гуноҳон, ҳидоят ва устуворӣ дар дин, сарбаландию рӯзгори тинҷу осуда таманно дорад. Чун Иди Қурбон таҷассумкунандаи арзишҳои фарҳанги инсондӯстӣ ва инсонпарварӣ мебошад, силаву навозиши ятимон ва бепарасторон, аёдату табрики хешу ақрабо, беморону пиронсолон, поси хотири гузаштагон, изҳори ҳамдардӣ кардан ба азодорон ва муҳимтар аз ҳама, хайру эҳсон намудан ба дармондагону ниёзмандон ва шахсони камбизоат аз фазилатҳои неки он маҳсуб меёбанд, хоҳони онем, ки қадами мубораки ин Иди муқаддас ба хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ файзу баракатро арзонӣ дорад, наҳсро аз сарзаминӣ мо бихезонад ва табассумро ба чеҳраҳои мардуми аз ранҷ ва бекорӣ хасташудаи миллати мо баргардонад. Хоҳони онем, ки кишвари мо ба дастовардҳои бузург дар ҳама самтҳо ноил гардад, дарвозаҳои Тоҷикистон ба рӯи мардуми олам боз гарданд, корхонаҳо ба фаъолият шуруъ кунанд ва то Иди Саъиди Қурбони дигар фаровонӣ ва арзонӣ дар кишвар муҳайё гардад.

Худо кунад, ки ба шарофати ин Иди бузург Худованд лутфи худро аз мо дареғ надошта, оқибати кори моро ба ҳайр гардонад, ваҳдату якдилӣ, муҳаббату самимиятро дар миёни мо тақвият бахшад, қалбҳои моро ба ояндаи неки Тоҷикистон рӯшан созад. Тухми боварӣ ва эътимодро дар қалбамон бисабзонад. Чароғи хонадони ҳар як тоҷик равшан ва суфрааш рангин бошад. Иди Қурбон муборак!

Шарофиддин Гадоев,
ҳамоҳангсози Ҷунбиши мардумии Ислоҳот ва
рушди Тоҷикистон
Амстердам, Ҳолланд.

RELATED ARTICLES

Most Popular

Recent Comments