Ҷунбиши “Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон” аз зургӯйии ҳукумат алайҳи эътирозгарон дар Гурҷистонро маҳкум мекунад.
Мо ин иқдомотро ғайри қобили қабул ва зидди демократӣ медонем.
Истифода аз хушунат алайҳи мардуми осоишта, ки барои баёни норизоятии худ аз тасмимоти мақомот ба хиёбонҳо рехтанд, нақзи ошкори усулоти демократист.
Равишҳои саркӯбгарона ва зуроварӣ алайҳи иродаи мардум натоиҷи мусбат надорад.
Мо талошҳои демократии мардуми Гурҷистонро арзишманд медонем ва ҳамбастагии худро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар талош барои ҳалли бӯҳрони феълӣ эълом мекунем.
Мо бар ин боварем, неруҳое ҳастанд, ки аз талошҳои демократии гурҷиҳо хушашон намеояд. Инҳо талош доранд дастовардҳои мусбати иҷтимоӣ ва сиёсии ин кишварро хароб карда, роҳи Гурҷистонро ба Иттиҳоди Аврупо бубанданд.
Дар ҷунбиши “Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон” ба ин фикранд, ки ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шуравӣ муддатҳост, ки бояд масири озодӣ, демократӣ ва истиқлоли воқеиро интихоб кунанд.
Ин роҳи душвор аст, ба вижа таҳти фишори неруҳои муртабит бо Кремл, аммо ҳамчунон танҳо масири дурӯст ва одилона боқӣ мемонад.
Мо аз ҳама тарафҳои даргир дар ин муноқиша мехоҳем, ки аз тариқи гуфтугӯ ва роҳи ҳали сӯлҳомез ба мушкилот бирасанд.
Аз ҷомеаи ҷаҳонӣ талаб дорем, аз талошҳои мардуми Гурҷистон барои тавсиаҳои демократӣ ҳимоят кунанд.
Бо эҳтиром
Шарофиддин Гадоев
Раиси ҷунбиши “Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон”
4 декабри соли 2024