Мо ба Дафтари Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон
Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид зидди шиканҷа ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон муроҷиат намуда, бо исрор талаб мекунем, ки ба вазъияти Дилмурод Эргашев, фаъоли сиёсӣ, ки аз 7 ноябри соли 2024 дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (СИЗО- КДАМ) ба шиканҷаи шадид ва мунтазам гирифтор шудааст, дахолат намоянд.
Ӯро 6 ноябри соли 2024 полиси Олмон, бо вуҷуди таъкидҳои пай дар пайи созмонҳои байналмиллалии ҳомии ҳуқуқ , ба Тоҷикистон ихроҷ кард.
Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинки мақомоти Олмонро огоҳ карданд, агар Дилмурод Эргашевро ба дасти мақомоти Тоҷикистон супоранд, ӯ шиканҷа ва барои мавқеи сиёсиаш таъқиб ва ба мӯҳлати тулонӣ зиндонӣ хоҳад шуд.
Дилмурод Эргашев аз дасти кормандони ниҳоди амниятии Тоҷикистон фишори равонӣ дида, бар ӯ усулоти ваҳшиёнае барои гирифтани иқрорҳои лозима истифода мешавад.
Бар тибқи маълумоти мо, бар зери нохунҳои ӯ сӯзан задаанд, бар узвҳои гуногуни ӯ, бахусус ба олоти ҷинсӣ, барқ гузарондаанд. Ӯро дар пеши дигар зиндониҳо урён намоиш ва таҳқиру дашном додаанд, лату кӯб кардаанд.
Баъди як ҳамин гуна шиканҷаҳо ӯ беҳуш шуда, ба бемористони ҳамон зиндони махсуси амният интиқол ёфта, баъд аз ба ҳол омаданаш боз ба хонаи шиканҷа бурдандаш.
Ин ҳаракотро мақомоти амниятӣ алайҳи Дилмурод Эргашев барои хору залил нишон додан ва шикастани рӯҳияаш кардаанд, ки аз шеваҳои маъмули мақомоти Тоҷикистон алайҳи зиндониҳои сиёсӣ мебошад.
Дилмурод Эргашев, аз ҷумлаи он ҷавонони фаъол аст, ки низоми ғайридемократӣ ва сиёсати саркубгаронаи режими сиёсии Тоҷикистонро тоқат накарда, чанд сол пеш ватанро маҷбуран тарк кард.
Аз хориҷи кишвар рафторҳои ғайриқонунии ҳукуматро интиқод мекард ва дар митингҳои мухолифини ҳукумат дар хориҷ аз Тоҷикистон, махсусан дар Олмон ҳузури фаъол дошт. Пайваста назароти худро аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи вазъи сиёсии Тоҷикистон нашр мекард.
Се ҳафта мешавад Дилмурод Эргашев дар зиндон аст ва адвокат надорад. Ҳич иттилоъе барои ақрабои ӯ дода нашудааст. Ҳамин тариқ аз ҳақи қонунииӯ кам кардаанд.
Ҳаракати сиёсии Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон , аз аҳволи ин фаъоли сиёсӣ бимнок аст. Метарсем, ки ӯ бар шиканҷаҳои пай дар пай тоб наоварда ҷонашро аз даст диҳад.
Дилмурод Эргашев саввум фаъоли сиёсист, ки полиси Олмон ба Тоҷикистон мефиристад. Агар чунин муносибат бо фаъолони мо дар кишварҳои демократӣ идома ёбад, намедонем дигар куҷо барои мухолифини ҳукумати саркубгари Тоҷикистон ҷойи амн хоҳад буд.
Мо Шуморо даъват мекунем, аз иқтидор ва обурӯйи худ барои раҳо бахшидани Дилмурод Эргашев аз шиканҷаи мақомоти амниятии Тоҷикистон истифода кунед. Умеди ҳазорҳо фаъоли сиёсиеро, ки бар пуштибонии созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва давлатҳои демократии Аврупо эътимод кардаанд, барҳам назанед.
Талоше барои раҳоии озодагон аз истибдод накардан, хомуш мондан дар баробари сахтарин ҷиноят алайҳи инсон аст!
Бо эҳтиром,
Шарофиддин Гадоев
Роҳбари Ҷунбиши
«Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон»