Бо камоли эҳтиром хабар медиҳем, ки бо даъвати Фазлурраҳмон Орӣ, раҳбари маркази таҳлилии ғайридавлатии Sahar Discourse Center, роҳбари Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон, ҷаноби Шарофиддин Гадоев, дар доираи сафари корӣ ҳоло дар шаҳри Кобули Афғонистон қарор дорад.
Ин сафар дар доираи талошҳо баҳри таҳкими амнияти минтақа, тавсеаи ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муқовимат бо таҳдидҳои ифротгароӣ сурат гирифта, ҳадафи он рушди ҳамкории дуҷониба ва таҳкими муносибатҳои созанда бо ниҳодҳои шаҳрвандии Афғонистон мебошад.
Мақсади аслии сафар таҳияи механизмҳои муштарак барои таъмини субот, тавсеаи муколамаи мустақим ва пурмазмун байни ҷомеаҳои шаҳрвандии Тоҷикистону Афғонистон ва тақвияти равобити бародаронаи байни мардумони ду кишвар аст.
Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон аз таҳдиди афзояндаи гурӯҳи террористии «Давлати исломии Хуросон» (ИГИЛ-Х, ISIS-K) изҳори нигаронии амиқ мекунад. Афзоиши фаъолиятҳои ин гурӯҳ хатареро на танҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вуҷуд овардааст.
Бо нигаронии ҷиддӣ таъкид мекунем, ки шумораи зиёди ҷанговарони ИГИЛ-Х-ро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Ин вазъ натиҷаи бевоситаи сиёсати саркӯбгаронаи низоми феълӣ мебошад, ки ҷавононро аз ҳаққи зиндагии шоиста, озодӣ ва адолат маҳрум сохтааст.
Бекории густарда, худсариҳои мақомот, набуди дурнамои рушд ва таъқибҳои шадиди сиёсӣ ҳазорон ҷавони ноумедро ба оғӯши гурӯҳҳои ифротӣ андохтаанд. Зулми дохилӣ ва ноумедии иҷтимоӣ, ки аз ҷониби ҳокимияти кунунӣ таҳмил мешавад, ба яке аз сабабҳои аслии густариши терроризми байналмилалӣ дар минтақа табдил ёфтааст.
Сиёсати саркӯбгаронаи режими Эмомалӣ Раҳмон – аз байн бурдани неруҳои мустақили сиёсӣ, куштори рақибони сиёсӣ, боздоштҳои худсарона ва даҳшатафканӣ, заминаи мусоидеро барои паҳншавии афкору ҳаракатҳои ифротӣ фароҳам овардааст.
Даҳҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон қурбонии таъқиб ва саркӯб гардидаанд: ҳазорон фаъоли сиёсӣ ва иҷтимоӣ зиндонанд, бисёре шиканҷа ва нопадид шудаанд, ва даҳҳо ҳазор маҷбур шуданд барои паноҳгоҳ ба кишварҳои хориҷ рӯ оваранд.
Имрӯз Тоҷикистон кишвари саркӯбигари озодии баён, таъқиби рӯзноманигорони мустақил ва ҳабси садҳо хабарнигору ҳазорҳо маҳбуси сиёсӣ бо иттиҳомҳои сохта шудааст.
Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон пойбандии амиқи худро ба пуштибонӣ аз ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳкими суботи минтақавӣ ва рушди робитаҳои бародарӣ миёни мардумони Афғонистон ва Осиёи Марказӣ таъкид мекунад.
Талошҳои мо ба сӯи ҳамзистии осоишта, мубодилаи озоди андешаҳо, муборизаи муштарак бо чолишҳои муосир ва бунёди ояндаи нек равона шудаанд.
Мо бар он боварем, ки танҳо тавассути ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва кору талоши муштарак метавонем аз ифротгароӣ пешгирӣ намоем, сулҳро тақвият бахшем ва ба миллионҳо инсон дар минтақа умеду итминон бахшем.
Тамос барои расонаҳо:
Шуъбаи матбуоти Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон
Email: [email protected]
Website: tajreform.org
30.04.2025
Амстердам, Нидерландия


