Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон қотеъона сиёсатҳои ҷинояткоронаи низоми Эмомалӣ Раҳмонро маҳкум мекунад, ки ба нест кардани рақибони сиёсӣ, истифодаи сохторҳои давлатӣ барои амалӣ намудани амалҳои террористӣ ва афзоиши таъқибу фишорҳои фаромиллӣ равона шудааст. Яке аз намунаҳои равшани ин сиёсати ҷинояткорона қатли роҳбари мухолифини тоҷик ва асосгузори ҳаракати «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов мебошад, ки 5 марти соли 2015 дар шаҳри Истанбул сурат гирифт.
Ин ҷиноят тасодуфӣ набуд – он як қисми нақшаи дақиқ буд, ки ҳадафи он аз байн бурдани ҳар нафарест, ки ҷуръати муқобилият ба ҳукумати худкомаро дорад. Пас аз қатли Қувватов, ҳукумати Тоҷикистон аз таъқибҳои дохилӣ гузашта, ба ҷиноятҳои фаромиллӣ рӯ овард. Ин амали террористӣ, ки бо дахолати хадамоти махсуси Тоҷикистон амалӣ шуд, возеҳ нишон дод, ки ҳукумати Душанбе барои ҳифзи ҳокимияти мутлақаш аз ҳеҷ василае рӯй намегардонад.
Аз он замон, таъқибу фишорҳои фаромиллӣ танҳо шиддат ёфта, хадамоти махсуси Тоҷикистон таҳти раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба як абзори саркӯби сиёсӣ табдил ёфтанд. Рабудан, шиканҷа кардан, парвандаҳои ҷиноии сохта ва қатли фармоишии мухолифон, рӯзноманигорон, ҳомиёни ҳуқуқ ва аъзои хонаводаи онҳо ба як механизми доимии тарс ва фишор табдил ёфтааст. Терроризми давлатӣ пояи асосии сиёсати ҳукумати Раҳмон гашта, ва дар чанд соли охир даҳҳо фаъоли тоҷик рабуда, кушта ё бенишон шудаанд – ҳамаи ин бо амри доираҳои наздики ҳокимият амалӣ шудааст.
Имрӯз, Тоҷикистон як давлати худкомаест, ки комилан аз ниҳодҳои демократӣ маҳрум мебошад. Озодии баён аз байн рафтааст, расонаҳои мустақил баста шудаанд ва ҳазорон нафар бо иттиҳоми сохта дар зиндон қарор доранд. Коррупсия, ҳокимияти хешутаборӣ ва фишори доимӣ ба мардум боиси бӯҳрони амиқи иқтисодӣ гардида, Тоҷикистонро ба гирдоби фақр, ноумедӣ ва беэътимодӣ ба оянда кашидааст.
Таъқибу фишор нисбат ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон ва фаъолон на танҳо мушкили дохилии Тоҷикистон аст, балки таҳдид ба амнияти минтақа ва ҷаҳон мебошад. Ҳукумати Тоҷикистон бо истифода аз шеваҳои террористӣ ноустувории сиёсиро дар Осиёи Марказӣ тақвият дода, хатари ифротгароии ҷавононро бештар мекунад. Зеро вақте ки ҷавонон аз ҳуқуқ ва имкониятҳои демократӣ маҳрум мешаванд, онҳо осон ба доми гурӯҳҳои ифротӣ меафтанд.
Даҳ сол қабл, қатли Умаралӣ Қувватов рамзи беҷазоии низоми Тоҷикистон гардид. Имрӯз мо изҳор медорем: ин беҷазоӣ бояд хотима ёбад. Эмомалӣ Раҳмон ва доираҳои наздики ӯ бояд барои ҷиноятҳои зидди башарият ҷавобгар шаванд. Мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват мекунем, ки ба ин ҷиноятҳо чашм напӯшанд ва барои хотима бахшидан ба терроризми давлатӣ аз ҷониби низоми худкомаи Раҳмон чораҳои қатъӣ андешанд.
Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон
5 марти 2025
Амстердам, Нидерландия