Шашуми ноябр рӯзи қабули Сарқонуни Тоҷикистон аст. Ба ин хотир мо, Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон эълон мекунем, ки режими Эмомалӣ Раҳмон ба сурати огоҳона ва пайваста сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барҳам зада, Қонуни Асосиро ба абзори таҳмили диктотураи хусусияш табдил кардааст.
Тағйироти Қонуни Асосӣ дар солҳои 1999, 2003, ва хусусан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2016 тасвиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат”, ки маҳдудиятҳои давраии пешниҳоди номзадӣ ба маснаби президентӣ барои Эмомалӣ Раҳмонро ботил ва ӯро дар сари қудрат то лаҳзаи марг ҳифз мекунанд, ғасби қудрати мардум ва аз назари ҳуқуқӣ, табадуллоти давлатӣ маҳсуб мешаванд.
Ин тағйирот ноқизи фоҳиши моддаи 1-уми Сарқонун дар мавриди давлати демократӣ будани Тоҷикистон, моддаи 6, мамнуияти ғасби ҳокимият, моддаҳои 9 ва 10 – тақсими ҳокимият ва волоияти Сарқонун буда, моддаи 17 дар бораи баробарии шаҳрвандон ва моддаи 65-ро, ки муҳлати Президентро муқаррар мекунад, мардумро аз ҳаққи доштани ҳокимияти конститсионӣ ва тағйири он маҳрум кардаанд.
Қонуни “Пешвои миллат” як касро болотар аз қонун ва давлат гузошта, Сарқонунро ба қоғази беарзише табдил кардааст.
Режими Раҳмон Сарқонунро ба унвони як қарордоди ҷамъиятӣ ботил ва онро ба як системаи худкомаи хусусишудаи меросӣ табдил карда, ки бар ин асос додгоҳҳо, парлумон, нерӯҳои низомӣ, хадамоти давлатӣ ва манобеи миллӣ аз тарафи оилаи ӯ назорат ва идораи ъмешаванд.
Ҳокимият дар Тоҷикистон зери дасти як оила ва гурӯҳи маҳдуде аз элитаи ҳоким мутамаркиз шудааст, ки хилофи усули бунёдии баробарии шаҳрвандон, низоми боздорӣ ва тавозун аст. Ҳамин тариқ, системаи конститутсионӣ дар Тоҷикистон тахриб ва ниҳодҳои давлатӣ бинобар аз даст додани истиқлол ба механизми ҳимояти сиёсӣ аз манофеи оилаи ҳоким мубаддал шудаанд.
Ин система ноқизи фоҳиши уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон, шомили Паймони байналмилалии ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва Конвенсияи зидди фасоди молии СММ аст, ки ин аснод гуногунандешии сиёсӣ, озодии баён, тағйирпарзирии ҳокимият ва посухгӯии мақомоти давлатиро тақозо мекунанд.
Бинобар тағйири Қонуни Асосӣ ва Қонуни ҶТ “Дар бораи адвокатура” дар соли 2016 муҷаввизи фаъолияти беш аз 1000 вакили дифои мустақил ботил, худи онҳо тобеи ҳукумат ва мардум аз ҳаққи ҳимоят маҳрум шуданд.
Гузашта аз ин режими Раҳмон мухолифини сиёсӣ ва расонаҳои мустақилро аз миён бардошта, дар ҳоли роҳандозии боздоштҳои худсаронаи дастаҷамъӣ, таъқиби мунтақидон дар дохил ва хориҷи кишвар аст. Ҳамчунин куштори чанде аз раҳбарони мухолифин, рӯзноманигорон, чеҳраҳои динӣ ва фаъолон, нопадидшуданҳои иҷборӣ, шиканҷа ва марги баъзе аз афрод дар боздоштгоҳҳо дар даврони ҳокимияти ин режим сабт шудааcт. Беш аз 8 500 нафари бегуноҳ дар зиндонҳои Тоҷикистон маҳбуси сиёсӣ ҳастанд ва дар Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ қатли оми сокинони осоишта, таъқиби этникӣ ва амалиёти золимонае сурат гирифт. Ин иқдомот систематикӣ ва дорои хусусиёти ҷиноёти зиддибашариянд.
Зимнан режими феълӣ дар Тоҷикистон ғайримашруъ ва системаи ғайриконститутсионӣ, ғосиб, хонаводаӣ-тоифаии идории хусусии берун аз чаҳорчӯби қонунҳои миллӣ ва байналмилалӣ ҳоким аст. Мардуми Тоҷикистон ҳич гоҳ ба Эмомалӣ Раҳмон ҳаққи ҳукмронии абадӣ ва меросӣ кардани қудратро надодааст. Аммо ба истилоҳ “Сарқонуни мудерн”-и Раҳмон на қарордоди ҷамъиятӣ, балки сипари қудрати шахсии ӯст.
Ба ин далоил мо аз созмонҳои байналмилалӣ, ҳукуматҳои кишварҳои демократӣ ва тамоми нерӯҳои ҷонибдори волоияти қонун дархост мекунем, то мардуми Тоҷикистонро дар ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии худ, озодии зиндониёни сиёсӣ ва барқарории назму тартиб дар кишвар кумак кунанд.
Шарофиддин Гадоев,
Роҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, шаҳри Амстердам, Шоҳигарии Нидерландия
06 ноябри соли 2025
