10-уми декабр, дар Рӯзи ҳуқуқи инсон, ҷаҳон аз нав ба арзишҳои муқаддас — озодӣ, адолат ва шаъну шарафи инсон менигарад. Аммо дар Тоҷикистон, ин арзишҳо 33 сол боз зери пои режими золим ва истибдодии Эмомалӣ Раҳмон нобуд мешаванд. Режими ӯ рамзи истибдоди ваҳшатнок, фасоди беохир ва зӯроварии бераҳмона мебошад.
Имрӯз дар зиндонҳои Тоҷикистон зиёда аз 8500 нафар бо иттиҳомоти сохта ва дурӯғ нигоҳ дошта мешаванд. Дар байни онҳо рӯзноманигорон, ҳомии ҳуқуқ, вакилони дифоъ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шаҳрвандони оддӣ ҳастанд, ки танҳо ҳақиқатро гуфтаанд. Онҳо шиканҷа, таҳқир ва беадолатиро таҳаммул мекунанд ва аз тамоми ҳуқуқҳояшон маҳрум шудаанд.
80 фоизи иқтисоди Тоҷикистон дар дасти оилаи Раҳмон аст. Давлат пурра ба фасод ғӯта задааст. Қатли ом, шиканҷа, таҷовуз ва сензура ба як чизи оддӣ табдил ёфтаанд. Дар кишвар на интихоботи озод ҳаст, на адолати судӣ ва на кафолатҳои иҷтимоӣ.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як намунаи фоҷиаи зӯроварии ин режим мебошад. Дар соли 2022, эътирозҳои осоишта ба хун кашида шуданд: даҳҳо нафар ҷон бохтанд, садҳо боздошт шуданд ва ҳазорон нафар ба худсарии мақомот дучор гардиданд. Ин зулм идомаи сиёсатҳои золимонаест, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуда буд. Он замон барои нигоҳ доштани қудрат беш аз 150,000 нафар аз дасти режими Рахмон кушта шуданд.
Миллионҳо шаҳрванд маҷбур шудаанд, ки аз тарси фақру истибдод аз ватан фирор кунанд. Мардум бе барқ, бе ҳимояи иҷтимоӣ ва бе умеди зиндагии беҳтар мемонанд. Режим Рахмон Тоҷикистонро ба кишвари тарсу беқонунӣ табдил додааст.
Рӯзи ҳуқуқи инсон ба мо хотиррасон мекунад, ки озодӣ, адолат ва шаъну шараф бояд барои ҳар инсон таъмин бошад. Мо, мардуми Тоҷикистон, сазовори зиндагии озод, одилона ва бидуни тарс ҳастем. Мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳем, ки моро дастгирӣ кунад. Якҷоя мо Тоҷикистонро ба кишвари озод табдил медиҳем — кишваре, ки дар он ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд ҳифз мешавад ва оянда ба мардум тааллуқ дорад, на ба диктаторҳо.
Шарофиддин Гадоев,
Раиси Ҷунбиши «Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон»
Амстердам
10.12.2024