Monday, May 5, 2025
No menu items!
HomeХабарҳоИзҳороти Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон дар бораи таҳкими ҳамкориҳои шаҳрвандӣ бо...

Изҳороти Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон дар бораи таҳкими ҳамкориҳои шаҳрвандӣ бо Афғонистон

Бо камоли эҳтиром иттилоъ медиҳем, ки бо даъвати расмии Фазлурраҳмон Орӣ, раҳбари Маркази таҳлилии ғайридавлатии “Sahar Discourse Center”, роҳбари Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон, ҷаноби Шарофиддин Гадоев, сафари кории худро ба шаҳри Кобули Афғонистон анҷом медиҳад.

Ин сафар дар доираи талошҳои пайвастаи Ҷунбиш ҷиҳати таҳкими амнияти минтақавӣ, муқовимат бо таҳдидҳои ифротгароӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои ҳамсарҳад сурат гирифта, ҳадафи асосии он рушди муносибатҳои созанда ва эҷоди заминаи устувори ҳамкорӣ бо ниҳодҳои маданӣ, таҳлиливу илмии Афғонистон мебошад.

Зимни ин сафар, ҷаноби Шарофиддин Гадоев бо намояндагони фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои таҳлилӣ ва доираҳои илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии Афғонистон мулоқот ва музокирот анҷом доданд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои мубрами тақвияти равобити дуҷониба, эҳёи ҳамкориҳои фарҳангӣ ва таълимӣ, мубодилаи таҷриба ва пуштибонии ташаббусҳои ҷомеаи маданӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо ба хулоса расиданд, ки бо мақсади таҳкими бештари ин равобит, гурӯҳҳои кори муштарак таъсис дода шаванд. Гурӯҳҳои мазкур ба ҳамоҳангсозии иқдомҳо, таҳияи ташаббусҳои муштарак ва татбиқи лоиҳаҳои амалӣ дар самтҳои фарҳанг, таълим, рушди иҷтимоӣ, таҳқиқоти таҳлилӣ ва дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ равона хоҳанд буд.

Тақвият бахшидани равобити ҷомеаҳои маданӣи Тоҷикистону Афғонистон ҳамчун пояи эътимоди мутақобила ва омили муҳими суботи устувори минтақавӣ арзёбӣ гардида, ҷонибҳо бар зарурати рушди муколама ва ҳамгироии иҷтимоӣ миёни мардумони ду кишвар таъкид намуданд. Ин равобит заминаи мусоидеро барои мубодилаи таҷриба, пуштибонии ташаббусҳои ҷамъиятӣ ва татбиқи барномаҳои муштараки фарҳангӣ, таълимӣ ва ҳуқуқиро фароҳам меорад.

Дар ҷараёни музокирот, ҷонибҳо ба тавофуқҳои ибтидоӣ, аз ҷумла таҳияи Ёддошти тафоҳум миёни созмонҳои шаҳрвандии ду кишвар, оғози лоиҳаҳои омӯзишӣ барои ҷавонон дар самти муқовимат бо ифротгароӣ, ва баргузории конфронсу семинарҳои муштарак расиданд.

Ҳамзамон, ҷонибҳо баргузории семинарҳо, конфронсҳо ва чорабиниҳои муштараки илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоиро муҳим арзёбӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати таҳкими бештари робитаҳо изҳор карданд. Онҳо инчунин пешниҳод карданд, ки платформаи доимии муколамаи шаҳрвандӣ таъсис дода шавад, ки натанҳо ду кишварро ба ҳам пайвандад, балки метавонад ба густариши ҳамгироии минтақавӣ хидмат кунад.

Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон бар ин назар аст, ки тавассути густариши чунин робитаҳои мутақобилан судманд, метавон заминаҳои устувори ҳамкорӣ, ҳамбастагӣ ва суботи фарогирро дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ таҳким бахшид.

Тамос барои расонаҳо:

Шуъбаи матбуоти Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон

Email: [email protected]

Website: tajreform.org

04.05.2025

Амстердам, Нидерландия

RELATED ARTICLES

Most Popular

Recent Comments

Discover more from Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон

Subscribe now to keep reading and get access to the full archive.

Continue reading