Thursday, November 21, 2024
No menu items!
HomeХабарҳоҶунбиши мардумии «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» аз ҳодисаи мудҳиши дар ноҳияи Данғараи...

Ҷунбиши мардумии «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» аз ҳодисаи мудҳиши дар ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сари сайёҳони хориҷӣ омада изҳори таассуф намуда.

Ҷунбиши мардумии «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» аз ҳодисаи мудҳиши дар ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сари сайёҳони хориҷӣ омада изҳори таассуф намуда, тасаллият ва ҳамдардии амиқи худро ба наздикони қурбоншудагон, мақомоти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Шветсария, Нидерландия ва Фаронса баён медорад.

Мо, ин амалро дар ҳар навъи зуҳураш маҳкум намуда, дар баробари ҳамдардии худ ба пайвандони қурбониён аз ҳукумати Тоҷикистон талаб менамояд, ки ҳар чӣ зудтар ҳомилони ин ҳодиса муайян ва гунаҳкорони ин амал ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, то ба обрӯи миллати бо фарҳанг ва меҳмондӯстӣ тоҷик рахна ворид нашавад.

Мо, итминон дорем, ки дар кӯтоҳтарин фурсат ҷузъёти ин ҳодиса таҳқиқ гардида, овозаҳои беасос аз байн бурда шуда, эътимоду боварии гардишгарони хориҷӣ ба Тоҷикистон ва мардуми он барқарор мегардад.

Чунбиши мардумии «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон»
30.07.2018

RELATED ARTICLES

Most Popular

Recent Comments