Monday, November 3, 2025
No menu items!
HomeХабарҳоНомаи саркушодаи мухолифини тоҷик ба Доналд Трампбо дархости мусоидат барои озод кардани...

Номаи саркушодаи мухолифини тоҷик ба Доналд Трампбо дархости мусоидат барои озод кардани маҳбусони сиёсӣ дар Тоҷикистон

НОМАИ САРКУШОДА

Ба Ҷаноби Доналд Трамп, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Ҷаноби Президент!

Аз номи Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон, Созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” ва Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон миннатдории амиқи худро барои мавқеи қотеъона ва саҳми Шумо дар озодии зиндониёни сиёсӣ дар Ҷумҳурии Беларусро баён менамоем. Ин иқдоми Шумо намунаи равшани роҳбарии муваффақи Иёлоти Муттаҳида дар ҳифзи озодӣ ва шарафи инсонӣ гардид.

Дар остонаи мулоқоти Шумо рӯзи 6-уми ноябр бо Президенти Тоҷикистон ва роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, бо эҳтиром аз Шумо хоҳиш менамоем:
• масъалаи фишорҳо ва саркӯбиҳои сиёсӣ дар Тоҷикистонро матраҳ намоед;
• ба озод намудани фаврии зиндониёни сиёсӣ даъват кунед;
• барои оғоз намудани муколамаи байналмилалӣ доир ба раванди сиёсати осоишта ва фарогир дар кишвар мусоидат намоед.

Имрӯз Тоҷикистон дар ҳолати бӯҳрони амиқи сиёсӣ ва хафақони иҷтимоӣ қарор дорад. Дар натиҷаи сӣ соли ҳукумати авторитарӣ, ҷумҳурӣ ба фазое табдил ёфтааст, ки онро назорати комил, тарс ва таъқиб фаро гирифтааст.

Ҳазорон шаҳрванд дучори таъқиби сиёсӣ гардидаанд, садҳо нафар мавриди шиканҷа ва нопадидшавии маҷбурӣ қарор гирифтаанд. Беш аз 8500 зиндонии сиёсӣ аз ҷумлаи рӯзноманигорон, блогерон, вакилони мудофеъ, ҳомиёни ҳуқуқ, уламои дин, фаъолон ва намояндагони мухолифини демократӣ дар зиндонҳо нигаҳдорӣ мешаванд. Дар байни онҳо занон, пиронсолон ва хешовандони мухолифон низ ҳастанд, ки танҳо барои робитаи хешутаборӣ ҷазо мебинанд.

Марг дар зиндон, истифодаи системавии шиканҷа, маҳрум сохтани дастрасӣ ба кумаки тиббӣ ва таҳқиру озори инсонӣ ба амали маъмулӣ табдил ёфтааст. Набудани рақобати сиёсӣ ва аз байн бурдани ҷомеъаи шаҳрвандӣ муҳитро ба радикализм мебарад, ки ин хатари мустақим барои амнияти минтақавӣ, аз ҷумла манфиатҳои Иёлоти Муттаҳида ва иттифоқчиёни он ба шумор меравад.

Нодида гирифтани ин бӯҳрон метавонад боиси бесуботии Осиёи Марказӣ, авҷи экстремизм ва аз даст рафтани назорати стратегӣ дар минтақа гардад, ки дар он нерӯҳои авторитарӣ аллакай фаъолона рақобат мекунанд.

Ҷаноби Президент,

Садо ва роҳбарии Шумо метавонад ҳазорон ҷони бегуноҳро наҷот диҳад ва ба мардуми Тоҷикистон дар талошашон барои озодӣ ва адолат пуштибонӣ бахшад. Мо сидқан умедворем, ки дар мулоқоти пешомада, Шумо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомали Раҳмонро ба озод кардани зиндониёни сиёсӣ ва оғоз намудани муколама даъват хоҳед кард, ки бар пояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон бунёд ёфта бошад.

Бо эҳтироми амиқ,

Шарофиддин Гадоев
Роҳбари Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон
шаҳри Амстердам, Подшоҳии Нидерландия

Убайдулло Саидӣ
Раиси созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон»
шаҳри Лондон, Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ

Муҳаммадиқболи Садриддин
Роҳбари Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон
Шаҳри Париж, Ҷумҳурии Фаронса

03 ноябри соли 2025

RELATED ARTICLES

Most Popular

Recent Comments

Discover more from Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон

Subscribe now to keep reading and get access to the full archive.

Continue reading