Sunday, August 24, 2025
No menu items!
HomeДар бораи моИзҳоротИзҳороти табрикотии Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон ба муносибати пайдоиши ҳаракати нави...

Изҳороти табрикотии Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон ба муносибати пайдоиши ҳаракати нави сиёсӣ «Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон»

Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон қудуми ҳаракати нави сиёсии «Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон»-ро ба майдони мубориза муборак мешуморад ва ин ташаббуси муҳим ва масъулияти сангинро ба поягӯзорони ин ҳаракати сиёсии ҷадид, самимона табрик мегӯяд.

Пайдоиши нерӯҳои нави сиёсӣ, ки бар асоси арзишҳои озодӣ ва адолат ва ислоҳот ташкил меёбанд, як қадами муҳим ва умедбахш дар самти демократисозии Тоҷикистон аст. Уммедворем бо ин иқдом ба рагҳои ҳаракати озодихоҳӣ хуни наву тоза ворид гашта мубориза ранги дигар мегирад.

Мо талошу муборизаи ватандӯстонаи ҳамватанони худро, ки бо вуҷуди зиндагӣ дар ғурбат ва таъқибу зулми низом дар дохил, боз ҳам муҳаббат ба Ватан ва ормону озодии онро аз даст надодаанд ва талош барои сохтани як давлати ҳуқуқбунёду мардумсолор мекунанд, мусбат арзёбӣ мекунем! Мо ҳамеша кушиш мекунем то аз нерӯҳои тозаи адолатхоҳ дастгирӣ кунем ва ба ҳар навъе қодир ҳастем омодаи кумаку дастгирием.

Мо итминон дорем, ки танҳо тавассути талошҳои муштарак, дар фазои эҳтирому ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату якпорчагӣ ва ҳамкории стратегӣ метавон ба ҳадафи деринтизори миллати тоҷик, Тоҷикистони озод, одил ва шукуфон, бирасем.

Аз ин рӯ, мо бо дилу нияти нек омодагии Ҳаракати сиёсии «Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон»-ро ба ҳамкорӣ бо дигар неруҳои мухолиф истиқбол намуда, омодагии худро ҷиҳати ҳамбастагӣ ва ҳамкориҳои минбаъда изҳор медорем.

Бигзор ин қадами муҳим оғози як марҳалаи нав дар роҳи таҳкими муборизаи миллӣ, ҳамгироии нерӯҳои озодихоҳ ва татбиқи ислоҳоти амиқи сиёсиву иҷтимоӣ гардад.

Мо ба Ҳаракати сиёсии «Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон» сабру таҳаммул, заковати сиёсӣ ва комёбӣ дар иҷрои рисолати озодихоҳонаву ватандӯстонааш орзу менамоем.

Бо эҳтиром,

Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон

07 августи соли 2025

RELATED ARTICLES

Most Popular

Recent Comments

Discover more from Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон

Subscribe now to keep reading and get access to the full archive.

Continue reading