Wednesday, March 12, 2025
No menu items!
HomeХабарҳоШарофиддин Гадоев ба Додгоҳи конститутсионии Тоҷикистон шикоят бурда талаби лағви қонун дар...

Шарофиддин Гадоев ба Додгоҳи конститутсионии Тоҷикистон шикоят бурда талаби лағви қонун дар бораи “Пешвои миллат”-ро кардааст, ки ғайриконститутсионӣ ва хилофи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад


27 феврали соли 2025, Шарофиддин Гадоев, раиси Ҷунбиши «Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон», ба Додгоҳи Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиати расмӣ ирсол намуда, талаб кард, ки қонуни «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат», ки 14 ноябри соли 2016 қабул шудааст, ғайриконститутсионӣ эътироф шавад. Ин қонун ба Эмомалӣ Раҳмон имтиёзҳои истисноӣ, дахлнопазирии мутлақ ва ҳукмронии якумриро кафолат медиҳад, ки мухолифи Конститутсияи Тоҷикистон ва ӯҳдадориҳои байналмилалии кишвар аст.


Дар муроҷиати худ, Гадоев далелҳои муфассал оварда, исбот мекунад, ки ин қонун асосҳои сохтори демократии кишварро заиф мекунад. Он ба Конститутсияи Тоҷикистон, бахусус моддаҳои 1, 6, 9, 17, 30, 40 ва 65 мухолиф аст. Конститутсия давлатдории демократӣ, баробарии ҳамаи шаҳрвандон дар назди қонун, принсипи ивазшавандагии қудрат, мустақилияти шохаҳои ҳокимият ва озодии баёнро кафолат медиҳад. Аммо қонуни «Пешвои миллат» ин принсипҳоро вайрон мекунад, зеро маҳдудияти шумораи давраҳои президентиро барои Эмомалӣ Раҳмон аз байн мебарад, ҳукмронии якумриро муқаррар менамояд, таъқиби ӯ ва хонаводаашро барои ҷинояту фасод манъ мекунад ва таъқиби мунтақидони ҳукуматро расмӣ месозад.


Яке аз ҷиддитарин поймолкуниҳо он аст, ки ин қонун ғасби қудратро қонунӣ менамояд. Конститутсияи Тоҷикистон ғасби қудратро манъ мекунад, вале қонуни «Пешвои миллат» ба Эмомалӣ Раҳмон имкон медиҳад, ки бидуни маҳдудият президент бошад, ба кори ҳамаи мақомот дахолат кунад ва ҳатто пас аз анҷоми ваколатҳои расмӣ, назорати давлатро дар дасти худ нигоҳ дорад. Ин боиси нақзи принсипи тақсимоти ҳокимият мегардад ва системаи идораи давлатиро комилан вобаста ба шахсияти як нафар мекунад, ки бо стандартҳои демократӣ, аз он ҷумла бо Конститутсияи Тоҷикистон мутобиқ нест.


Илова бар ин, қонун принсипҳои баробарӣ ва адолатро вайрон мекунад. Он ба Раҳмон ва хонаводааш дахлнопазирии комил медиҳад ва онҳоро аз ҳама гуна ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳо, аз ҷумла фасод, ғорати моликияти давлатӣ ва поймолкунии эҳтимолии ҳуқуқи инсон озод мекунад. Инчунин, қонун маблағгузории давлатӣ барои ҳамаи хароҷоти вобаста ба Эмомалӣ Раҳмонро қонунӣ менамояд, аз ҷумла нигоҳдории қароргоҳҳо, осорхонаҳо, бунёдҳо ва дигар иншоотҳо. Ин хароҷот аз буҷаи давлатӣ пӯшонида мешавад, ки мухолифи принсипҳои адолати иҷтимоӣ ва истифодаи самараноки захираҳои давлатӣ аст.


Қонун ҳамчунин озодии баёнро маҳдуд намуда, ҷавобгарии ҷиноятиро барои риоя накардани талаботи он ҷорӣ мекунад. Ин метавонад барои таъқиби мухолифони сиёсӣ, рӯзноманигорони мустақил ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки бар зидди низоми худкома садо баланд мекунанд, истифода шавад. Ҳамин тавр, ин қонун танқиди Эмомалӣ Раҳмонро ғайриқонунӣ мегардонад ва шахсияти ӯро ба як объекти дахлнопазир табдил медиҳад.


Ғайр аз поймол кардани Конститутсияи Тоҷикистон, Шарофиддин Гадоев таъкид мекунад, ки қонуни «Пешвои миллат» ӯҳдадориҳои байналмилалии кишварро низ вайрон мекунад. Тоҷикистон узви Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ мебошад, ки баргузории интихоботи озод ва ҳақиқиро талаб мекунад ва маҳдудиятҳои табъизиро барои иштироки шаҳрвандон дар идоракунии давлат манъ менамояд. Аммо қонуни «Пешвои миллат» Эмомалӣ Раҳмонро аз маҳдудиятҳои конститутсионӣ озод намуда, низоми ҳукмронии якумриро фароҳам меорад, ки ба принсипҳои ҳуқуқҳои байналмилалӣ мухолиф аст.


Инчунин, қонун Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) алайҳи фасодро вайрон мекунад, зеро он тафтиши фасоди Эмомалӣ Раҳмон ва оилаашро номумкин мегардонад. Дар кишварҳои демократӣ ҳеҷ кас наметавонад болотар аз қонун бошад, вале дар Тоҷикистон ин қонун барои як оила дахлнопазирии комил фароҳам меорад, ки шароитро барои гурехтан аз ҷазо ва сӯиистифода аз қудрат эҷод мекунад.
Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон, ки Тоҷикистон ба он ҳамроҳ шудааст, низ аз тарафи ин қонун поймол мешавад. Дар он гуфта шудааст, ки ҳама одамон дар назди қонун баробаранд ва иродаи мардум бояд асоси ҳокимияти давлат бошад. Аммо қонуни №1356 ин принсипҳоро поймол мекунад, зеро низоми ҳукмронии беохири як шахсро эҷод намуда, рақобати сиёсиро аз байн мебарад.


Шарофиддин Гадоев талаб мекунад, ки Додгоҳи Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни «Пешвои миллат»-ро ғайриконститутсионӣ эътироф намуда, онро бекор кунад ва қонунгузории кишварро бо меъёрҳои демократӣ мутобиқ созад. Ӯ инчунин ҷомеаи байналмилалиро даъват мекунад, ки ба ин қонун таваҷҷуҳ намояд ва фишорро болои режими Эмомалӣ Раҳмон барои ҳимояи арзишҳои демократӣ ва озодиҳои мардуми тоҷик зиёд кунад.


Бо вуҷуди он ки Додгоҳи Конститутсионии Тоҷикистон зери назорати комили ҳукумат қарор дорад ва эҳтимолияти рад кардани ин муроҷиат зиёд аст, ин иқдом аҳамияти бузурги сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дорад. Он асоси ҳуқуқиро барои бознигарии қонунҳои зиддидемократӣ дар оянда фароҳам меорад. Таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалиро ба поймолкунии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҷалб мекунад ва болои мақомоти кишвар фишор меорад.


«Ин қонун ҳокимияти худкомаро қонунӣ намуда, ҳуқуқҳои мардуми тоҷикро поймол мекунад. Бекор кардани он як қадами зарурӣ барои барқарор кардани ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон мебошад. Мо барои адолат муборизаро идома медиҳем», – изҳор дошт Шарофиддин Гадоев.


Ин даъво ба Додгоҳи Конститутсионии Тоҷикистон як қисми стратегияи дарозмуддати Ҷунбиши «Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон» барои барқарорсозии принсипҳои демократӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани режими диктатории Раҳмон мебошад. Новобаста ба вокуниши мақомот, ин муроҷиат масъалаҳои ҳуқуқи башарро дар сатҳи байналмилалӣ боз ҳам равшантар мекунад.


Матни пурраи изҳороти Шарофиддин Гадоев ба Додгоҳи Конститутсионии Тоҷикистон дар бораи бекор кардани қонуни «Пешвои миллат» ҳамчун ғайриконститутсионӣ ва мухолиф бо меъёрҳои байналмилалӣ – дар поён оварда шудааст.


Хадамоти матбуотии Ҳаракати «Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон»
(Амстердам, Нидерландия)

Ба Додгоҳи Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

734025, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 48

Аз номи:

Гадоев Шарофиддин, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Раиси Ҷунбиши«Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон»

ш. Амстердам, Нидерландия

Телефон:

Почтаи электронӣ:

Номи мақомот ва суроғаи он, ки қонуни мавриди баҳсро қабул кардааст:

Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суроға: ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 42

Номи дақиқ, рақам, санаи қабул, манбаи нашр ва дигар маълумот оид ба санади мавриди санҷиш, инчунин моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бояд таҷдиди назар карда шаванд:

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» аз 14.11.2016 № 1356

Дархост

Дар бораи эътирофи ғайриконститутсионӣ будани санадҳои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» аз 14 ноябри соли 2016 таҳти № 1356, ки мухолиф бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ӯҳдадориҳои байналмилалии кишвар ва принсипҳои демократии идоракунии давлатӣ, мебошанд.

Муҳтарам аъзои Додгоҳи Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Мутобиқи моддаи 89 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бандҳои 6 ва 40-и Қонуни конститутсионии «Дар бораи Додгоҳи Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ҳаракати «Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон» ба шумо муроҷиат намуда, хоҳиш менамояд, ки мутобиқати Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» аз 14 ноябри соли 2016 таҳти № 1356 (минбаъд – Қонун) бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ӯҳдадориҳои байналмилалии кишварро мавриди баррасӣ қарор диҳед.

I. Муқаддима

Қонуни мазкур ба Эмомалӣ Раҳмон мақоми вижаи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” дода, ба ӯ ваколатҳои истисноӣ, имтиёз ва масуниятҳо додааст. Мо чунин мешуморем, ки чунин муқаррарот асосхҳои сохти конституциониро дағалона вайрон карда, ба як қатор бандҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба уҳдадориҳои байналхалқии кишвар ва принсипҳои демократии идоракунии давлатӣ шадидан мухолифат мекунад.

II. Далоили ҳуқуқӣ

  1. Мутобиқ набудани Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.1. Вайрон кардани моддаи 1-и Конститутсия – принсипи давлати демократӣ

Муқаррароти конститутсионӣ:

Моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон мекунад, ки Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва воҳид мебошад.

Таҳлил:

Демократия бар принсипҳои ҳокимияти халқ, ивазшавандагии даврии қудрат, баробарии шаҳрвандон дар назди қонун ва ҳисоботдиҳии ҳокимият ба мардум асос ёфтааст. Қонуне, ки ба Эмомалӣ Раҳмон мақоми якумрии «Пешвои миллат»-ро бо ваколатҳои истисноӣ медиҳад, бо ин принсипҳо куллан мухолиф мебошад.

Далелҳо:

​•​Банди 4-и моддаи 2-и Қонун маҳдудияти шумораи давраҳои президентиро барои «Пешвои миллат» аз байн мебарад ва амалан ҳукмронии якумриро қонунӣ мегардонад.

​•​Ин ба принсипи ивазшаванда будани қудрат тавассути интихоботи озоду одилона, ки ҳар як шаҳрванд ҳуқуқи баробар барои интихоб шудан ба мансабҳои олиро дорад, мухолифат мекунад.

1.2. Вайрон кардани моддаи 6-и Конститутсия – манъи ғасби ҳокимият

Муқаррароти конститутсионӣ:

Моддаи 6-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз медорад:

«Ғасби ҳокимият ё тасарруфи ваколатҳои он манъ аст.»

Таҳлил:

Қонуни мазкур ба як шахс ваколатҳои истисноӣ ва мақоми махсус медиҳад, ки ба ӯ имкони нигоҳ доштани қудратро барои мӯҳлати номаҳдуд фароҳам меорад. Ин банд шароитро барои ғасби ҳокимият фароҳам овардааст.

Далелҳо:

​•​Банди 4-и моддаи 2-и Қонун ба «Пешвои миллат» имкон медиҳад, ки бидуни маҳдудият ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шавад.

​•​Додани чунин имтиёзҳо ва ваколатҳои истисноӣ ба як шахс бидуни асосҳои конститутсионӣ ба манъи ғасби ҳокимият, ки дар моддаи 6-и Конститутсия пешбинӣ шудааст, мухолиф мебошад.

​•​Ин боиси мутамарказ шудани ҳокимият дар дасти як шахс шуда, асосҳои сохтори конститутсиониро заиф мекунад.

1.3. Вайрон кардани моддаи 9-и Конститутсия – принсипи тақсимоти ҳокимият

Муқаррароти конститутсионӣ:

Моддаи 9-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, ки ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон бар асоси тақсимоти он ба шохаҳои қонунгузор, иҷроия ва судӣ ташкил карда мешавад.

Таҳлил:

Қонуни мазкур ба «Пешвои миллат» ҳуқуқ медиҳад, ки ба фаъолияти ҳамаи шохаҳои ҳокимият дахолат намояд, ки ин истиқлолияти онҳоро поймол карда, мувозинатро аз байн мебарад.

Далелҳо:

​•​Моддаи 3-и Қонун ба «Пешвои миллат» ҳуқуқ медиҳад, ки ба мақомоти давлатӣ бо тавсияҳое муроҷиат кунад, ки барои баррасӣ ҳатмӣ мебошанд ва дар ҷаласаҳои онҳо иштирок намояд. Инчунин, мақомоти давлатӣ вазифадоранд, ки масъалаҳои муҳими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро бо «Пешвои миллат» мувофиқа кунанд.

​•​Ин боиси ташаккули маркази иловагии қудрат мегардад, ки Конститутсия пешбинӣ накардааст.

​•​Ҳамин тариқ, принсипи тақсимоти ҳокимият ва низоми мувозинати давлатдорӣ заиф шуда, ҳокимияти давлатӣ ба як шахс вобаста мегардад.

1.4. Вайрон кардани моддаи 17-и Конститутсия – принсипи баробарӣ дар назди қонун

Муқаррароти конститутсионӣ:

Моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, ки ҳама шаҳрвандон дар назди қонун ва суд баробар мебошанд. Давлат ҳуқуқ ва озодиҳои ҳар шахсро новобаста аз мавқеи иҷтимоӣ ва моликияташ кафолат медиҳад.

Таҳлил:

Қонуни мазкур ба «Пешвои миллат» ва аъзои оилаи ӯ имтиёзҳо ва дахлнопазирии истисноӣ медиҳад, ки онҳоро дар мавқеи махсус ва болотар аз дигар шаҳрвандони кишвар ва қонунҳои ҷорӣ қарор медиҳад.

Далелҳо:

​•​Моддаи 5-и Қонун дахлнопазирии «Пешвои миллат» ва хонаводаи ӯро муқаррар намуда, онҳоро аз ҷавобгарӣ барои ҳама амалҳои анҷомдода дар давраи ваколатҳояшон озод мекунад.

​•​Ин принсипи волоияти қонунро поймол мекунад, ки мувофиқи он ҳеҷ шахс набояд болотар аз қонун бошад ва ҳама дар назди он баробар мебошанд.

1.5. Вайрон кардани моддаи 30-и Конститутсия – озодии баён ва ибрози ақида

Муқаррароти конститутсионӣ:

Моддаи 30-и Конститутсия ба ҳар кас озодии сухан, озодии матбуот ва ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоотро кафолат медиҳад.

Таҳлил:

Моддаи 17-и Қонун ҷавобгариро барои риоя накардани талаботи он пешбинӣ менамояд, ки метавонад барои таъқиби афроде, ки «Пешвои миллат»-ро танқид мекунанд, истифода шавад.

Далелҳо:

​•​Эҳтимолияти ҷазо барои риоя накардани муқаррароти Қонун метавонад озодии ибрози ақида, ҷамъоварӣ ва паҳн кардани иттилоотро маҳдуд намуда, баҳсҳои ҷамъиятиро дар ин масъала коҳиш диҳад.

​•​Ин муҳити тарс ва худсонсуриро эҷод мекунад, ки бо принсипҳои ҷомеаи демократӣ мутобиқат надорад.

1.6. Вайрон кардани моддаҳои 1, 13 ва 17 Конститутсия – сохти демократии давлат, принсипҳои конститутсионии баробарҳуқуқии шаҳрвандон, тақсими одилонаи маблағҳои буҷетӣ ва сарватҳои табиӣ

Муқаррароти конститутсионӣ:

​•​Моддаи 1-и Конститутсия Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва воҳид эълон мекунад.

​•​Моддаи 13-и Конститутсия муайян мекунад, ки замин, қаъри он, об, фазои ҳавоӣ, олами ҳайвоноту наботот ва дигар сарватҳои табиӣ моликияти истисноии давлат буда, истифодаи самараноки онҳо ба манфиати мардум кафолат дода мешавад.

​•​Моддаи 17-и Конститутсия баробарии ҳамаи шаҳрвандонро дар назди қонун ва суд муқаррар менамояд.

Таҳлил:

Моддаи 16-и Қонун ҳамаи хароҷоти марбут ба «Пешвои миллат»-ро, аз ҷумла нигоҳдории дастгоҳи корӣ, осорхонаҳо, китобхона, бунёд ва дигар имтиёзҳоро, аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ менамояд.

Далелҳо:

​•​Истифодаи захираҳои давлатӣ барои имтиёзҳои шахсии як шахс ва хонаводаи ӯ бо принсипҳои давлати иҷтимоӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва маблағҳои буҷавӣ, ки аз ҳисоби андози шаҳрвандон ташаккул меёбанд, мутобиқат намекунад.

Вайрон кардани моддаи 17-и Конститутсия – принсипи баробарии шаҳрвандон

Таҳлил:

Моддаи 16-и Қонун бо принсипи баробарии шаҳрвандон, ки дар моддаи 17-и Конститутсия пешбинӣ шудааст, мухолиф мебошад. Қонун хароҷоти давлатиро барои таъмин кардани фаъолияти як шахси мушаххас пешбинӣ мекунад, ки ӯро аз байни дигар шаҳрвандон ҷудо менамояд.

Далелҳо:

​•​Захираҳои давлатӣ ба манфиати давлат ва ҷомеа истифода намешаванд, инчунин ба эҳтиёҷоти шаҳрвандон равона намегарданд, ки ин бо мақсаднокии истифодаи хароҷоти давлатӣ мухолиф мебошад.

​•​Мисол: Ҷудо кардани маблағҳои зиёди буҷавӣ барои нигоҳдории қароргоҳҳо, воситаҳои нақлиёт, ҳифозат ва дигар имтиёзҳои «Пешвои миллат» ва хонаводаи ӯ захираҳоро аз барномаҳои иҷтимоӣ, соҳаи тандурустӣ, маориф ва инфрасохтор дур месозад, ки метавонад ба некӯаҳволии мардум таъсири манфӣ расонад.

1.7. Вайрон кардани моддаҳои 1, 10, 17 ва 40-и Конститутсия – сохтори демократии давлат, принсипи баробарҳуқуқии шаҳрвандон, тақсимоти одилонаи буҷаи давлатӣ ва кафолати озодии эҷоди адабӣ, бадеӣ, илмӣ ва техникӣ

Муқаррароти конститутсионӣ:

​•​Моддаи 1-и Конститутсия Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва воҳид эълон мекунад.

​•​Моддаи 10-и Конститутсия муайян менамояд, ки Конститутсияи Тоҷикистон дорои эътибори олии ҳуқуқӣ буда, меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки ба Конститутсия мухолифанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.

​•​Моддаи 17-и Конститутсия баробарии ҳамаи шаҳрвандонро дар назди қонун ва суд кафолат медиҳад.

​•​Моддаи 40-и Конститутсия ба шаҳрвандон озодии эҷоди адабӣ, бадеӣ, илмӣ ва техникӣ-ро кафолат медиҳад.

Таҳлил:

Моддаи 13-и Қонун таъсиси осорхона, китобхона, бойгонӣ ва ёдгориҳои «Пешвои миллат»-ро пешбинӣ менамояд.

Далелҳо:

​•​Ба таври ҳатмӣ муқаррар кардани осорхонаҳо, китобхонаҳо ва ёдгориҳо ба шарафи як шахс ҳангоми ҳаёташ бо принсипҳои демократӣ мухолиф мебошад, зеро чунин қарорҳо бояд аз ҷониби ҷомеа қабул шаванд, на тавассути қонунгузории пешакӣ муқарраршуда.

​•​Агар қонун принсипҳои конститутсионии баробарӣ ва идоракунии демократиро поймол кунад, он метавонад ғайриконститутсионӣ эътироф шавад.

​•​Вале ин моддаи Қонун як шахсияти мушаххасро ҷудо мекунад, барои ӯ ҳуқуқҳои махсусро ҷиҳати таъсиси осорхонаҳо, китобхонаҳо ва ёдгориҳо таъмин менамояд, ки принсипи баробарии шаҳрвандонро вайрон мекунад.

​•​Таъиноти давлатӣ барои таъсиси осорхонаҳо ва ёдгориҳо ба шарафи як шахси мушаххас истиқлолияти арзёбии фарҳангӣ ва таърихии фаъолияти «Пешвои миллат»-ро маҳдуд мекунад.

1.8. Вайрон кардани моддаи 65-и Конститутсия – маҳдудияти муҳлатҳои президентӣ

Муқаррароти конститутсионӣ:

Моддаи 65-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, ки як шахс наметавонад зиёда аз ду муҳлати пайдарпай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шавад.

Таҳлил:

Банди 4-и моддаи 2-и Қонун «Пешвои миллат»-ро аз ин маҳдудият хориҷ мекунад, ки ин ба таври ошкоро бо Конститутсия мухолиф мебошад.

Далелҳо:

​•​Чунин истисно механизми конститутсионии пешгирии мутамарказшавии ҳокимиятро заиф намуда, имкон медиҳад, ки шахс ҳукмронии якумрӣ дошта бошад.

​•​Ин принсипи баробарии шаҳрвандонро дар иштироки онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва имконияти ивазшавии қудрат поймол мекунад.

  1. Мутобиқ набудани Қонун ба ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон

2.1. Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (ПБҲШС)

Моддаи 25-и ПБҲШС:

Ба ҳар як шаҳрванд ҳақ ва имконияти иштирок дар идоракунии давлати худ, овоз додан ва интихоб шудан дар интихоботҳои даврии ҳақиқӣ бидуни табъиз ва маҳдудиятҳои беасосро кафолат медиҳад.

Таҳлил:

​•​Аз байн бурдани маҳдудияти шумораи муҳлатҳои президентӣ барои «Пешвои миллат» принсипи интихоботи ҳақиқии давриро вайрон мекунад.

​•​Ин барои шаҳрвандоне, ки мехоҳанд баробарона дар ҳаёти сиёсӣ ширкат варзанд, шароити нобаробар эҷод менамояд.

Моддаи 19-и ПБҲШС:

Ҳар шахс ҳақ дорад озодона ақидаи худро баён намояд, аз ҷумла ҳақ дорад, ки ҳар гуна маълумот ва ғояҳоро ҷустуҷӯ, дастрас ва паҳн намояд.

Таҳлил:

​•​Пешбинӣ кардани ҷавобгарӣ барои риоя накардани муқаррароти Қонун метавонад барои маҳдуд кардани озодии баён ва пахши танқид истифода шавад.

​•​Ин бо ӯҳдадориҳои Тоҷикистон дар робита ба кафолати озодии ибрози ақида мухолиф мебошад.

2.2. Конвенсияи СММ зидди фасод

Ӯҳдадориҳои давлатҳои иштирокчӣ:

​•​Кишварҳои узв вазифадоранд, ки чораҳоеро барои пешгирии фасод, таъмини шаффофият ва ҳисоботдиҳии мансабдорони давлатӣ татбиқ намоянд.

Таҳлил:

​•​Додани дахлнопазирии мутлақ ба «Пешвои миллат» ва хонаводаи ӯ тафтиши эҳтимолии амалҳои коррупсиониро номумкин мегардонад.

​•​Ин муҳити беҷазоӣ эҷод намуда, ба принсипҳои Конвенсия, ки ба мубориза бо коррупсия нигаронида шудааст, мухолиф мебошад.

2.3. Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон

Моддаи 7:

Ҳама одамон дар назди қонун баробар мебошанд ва ҳақ доранд бидуни ягон табъиз аз ҳимояи баробари қонун баҳраманд гарданд.

Таҳлил:

​•​Қонуни мазкур ба «Пешвои миллат» ва хонаводаи ӯ имтиёзҳои истисноӣ медиҳад, ки ин принсипи баробарии шаҳрвандон дар назди қонунро поймол намуда, шароити табъизиро эҷод мекунад.

Моддаи 21:

Иродаи мардум бояд асоси ҳокимияти давлат бошад; ин ирода бояд дар интихоботҳои даврии воқеӣ таҷассум ёбад.

Таҳлил:

​•​Мақоми якумрӣ ва аз байн бурдани маҳдудиятҳо дар шумораи муҳлатҳои президентӣ ҳуқуқи мардумро барои ташаккули ҳокимият тавассути интихоботи даврӣ поймол мекунад.

III. Хулосаҳо

Бар асоси таҳлили муфассал, мо бар онем, ки Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»:

​1.​Бо як қатор моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла моддаҳои 1, 6, 9, 10, 13, 17, 30, 40 ва 65 мухолиф мебошад.

​2.​Ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро поймол мекунад, бахусус Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсияи СММ зидди фасод ва Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон.

​3.​Принсипҳои демократии идоракунии давлатро заиф мекунад, аз ҷумла ивазшавандагии қудрат, тақсимоти ҳокимият, волоияти қонун, баробарии шаҳрвандон дар назди қонун ва озодии баён.

​4.​Замина барои ғасби ҳокимият ва ташаккули низоми худкома эҷод намуда, ки ин бо манфиатҳои мардум ва принсипҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф мебошад.

Бо назардошти гуфтаҳои боло ва роҳандозӣ ба моддаи 89-и Конститутсия, қисми 2-и моддаи 1, қисми 2-и моддаи 34 ва банди 6-и моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Додгоҳи Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Аз Додгоҳи Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш мекунам:

​1.​Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» аз 14 ноябри соли 2016 таҳти № 1356-ро пурра ё қисман ҳамчун мухолиф ба Конститутсия эътироф намояд.

​2.​Ҳамаи муқаррароти ин Қонунро, ки ба Конститутсия ва ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф мебошанд, бекор намояд.

​3.​Ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ тавсия диҳад, ки қонунгузории миллиро мутобиқи Конститутсия ва ӯҳдадориҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонанд ва риояи принсипҳои демократиро дар идоракунии давлатӣ таъмин намоянд.

Муҳтарам аъзои Додгоҳи Конститутсионӣ!

Мо мутмаинем, ки риояи қатъии Конститутсия ва ӯҳдадориҳои байналмилалӣ барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таҳкими ниҳодҳои демократӣ ва рушди устувори кишвари мо зарур мебошад. Аз шумо хоҳиш мекунем, ки муроҷиати моро бодиққат баррасӣ намуда, қароре қабул намоед, ки ба манфиатҳои мардум ва давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ бошад.

Бо эҳтиром,

Шарофиддин Гадоев

Раиси Ҷунбиши«Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон»

Сана: _

Замимаҳо:

​1.​Нусхаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» аз 14 ноябри соли 2016 таҳти № 1356.

​2.​Матни моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муроҷиат ишора шудаанд.

​3.​Нусхаҳои созишномаҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро тасдиқ кардааст ва дар муроҷиат ба онҳо ишора шудааст (Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсияи СММ зидди фасод, Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон).

RELATED ARTICLES

Most Popular

Recent Comments

Discover more from Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон

Subscribe now to keep reading and get access to the full archive.

Continue reading