Интихоботи парлумонӣ, ки баргузории он ба 2 марти соли 2025 таъин шудааст, ифодаи иродаи мардум набуда, балки як раванди қаблан тарҳрезишуда ва сохташуда мебошад, ки ҳадафи асосии он ҳифз ва қонунигардонии ҳокимияти худкома аст. Дар шароити нобудсозии пурраи ниҳодҳои демократӣ, набудани рақобати сиёсӣ ва саркӯби шадиди озодиҳои шаҳрвандӣ, ин намоишро наметавон як раванди интихоботии демократӣ номид.
Режими Эмомалӣ Раҳмон қувваҳои мустақили сиёсиро пайваста бо роҳи зӯроварӣ аз саҳнаи сиёсӣ берун намуда, роҳбарони сиёсии мухолифро бо истифода аз фишорҳо, таъқиб, қатли ом, боздоштҳои худсарона ва тарсонидан аз байн бурдааст.
Роҳбарони мухолифин, аз ҷумла Зайд Саидов, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Муҳаммадалӣ Ҳайит, Саидумар Хусайни, Иззат Амон, Мақсуд Иброҳимов, Фаромуз Эргашев ва Суҳроби Зафар, инчунин ҳазорҳо шахсони дигари сиёсӣ ва фаъолон мавриди таъқиби шадид қарор гирифта, ба солҳои тӯлонӣ ба зиндон маҳкум шуданд, ва даҳҳо ҳазор нафар маҷбур гардиданд, ки кишварро тарк кунанд.
Ягона ҳизби расман сабтиномшудаи мухолифин – Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон – аз иштирок дар интихобот даст кашид, дар ҳоле ки муовини роҳбари он, профессор Шокирҷон Ҳакимов, бо иттиҳоми комилан сиёсӣ ба 18 соли зиндон маҳкум гардид.
Ин амалкарди ҳукумати худкома мардуми Тоҷикистонро аз ҳуқуқи доштани намояндагии сиёсӣ ва интихоби алтернативии демократӣ комилан маҳрум сохт аст.
Интихоботе, ки бе рақобати воқеӣ, дар шароити сензураи комил, тарсонидани шаҳрвандон ва набудани назорати мустақил баргузор мегардад, қонунӣ ҳисобида намешавад.
Рад кардани дархости аккредитатсия барои нозирони САҲА/ Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон (ODIHR) аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон нақзи ошкори ӯҳдадориҳои байналмилалии кишвар буда, далели возеҳи тарси режим аз арзёбии мустақили раванди интихобот мебошад.
САҲА расман эълон кард, ки набудани кафолатҳои амниятӣ ва маҳдудияти дастрасӣ барои нозирон онҳоро маҷбур сохт, ки аз назорат ва арзёбии интихобот даст кашанд.
Ин вокуниши ҷомеаи байналмилалӣ ҳақиқати раднопазирро таъкид мекунад: интихоботи дарпешистода равандест ғайридемократӣ ва танҳо як кӯшиши навбатии қонунигардонии ғасби ҳокимият аст.
Ҷунбиши «Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон» изҳор менамояд, ки интихоботи парлумонии соли 2025 бо меъёрҳои эътирофшудаи демократӣ мутобиқат надошта, аз лиҳози қонуният ғайриқобили қабул мебошад.
Ҷунбиши «Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон» интихоботи парлумонии 2 марти соли 2025-ро таҳрим (бойкот) мекунад.
Мо аз мардуми Тоҷикистон даъват менамоем, ки бо иродаи қавӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ аз иштирок дар ин интихоботи сохта ва пешакӣ тарҳрезишуда худдорӣ варзида, шарик ва ҳамдасти ин саҳнасозии сиёсӣ ва асбоби қонунигардонии ҳокимияти худкома нагарданд.
Ҷомеаи байналмилалӣ, ҳукуматҳои кишварҳои демократӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ бояд ин раванди сохта ва ғайридемократиро маҳкум намуда, натиҷаҳои онро эътироф накунанд.
Ояндаи Тоҷикистонро на интихоботи сохта ва тақаллубӣ, балки иродаи ҳақиқии мардум бояд муайян созад. Танҳо тавассути муколамаи озоду воқеии сиёсӣ, ислоҳоти амиқи демократӣ ва баргардонидани ҳокимият ба дасти миллат метавон ба адолат, шукуфоӣ ва рушди устувор ноил гардид.
Бе интихоби озод демократия вуҷуд надорад, ва бе демократия – оянда торик ва номаълум аст!
Шарофиддин Гадоев,
Раиси Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон
10 феврали соли 2025, Амстердам