Ҳамватанони азиз!
Дар ин рӯзи хотирмон, ки Тоҷикистон, кишвари азизи мо, истиқлолияти худро ҷашн мегирад, мо, Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон, самимона ҳамаи шуморо бо ин ҷашни муҳими миллӣ табрик мегӯем!
Рӯзи Истиқлолият на танҳо фурсати ҷашнгирӣ, балки замоне барои андеша дар бораи гузашта, ҳозира ва ояндаи мост. Сиву се сол пеш, Тоҷикистон истиқлолияти худро ба даст оварда, умеди озодӣ, рушд ва шукуфоиро эҳё кард. Вале, мутаассифона, ба ҷойи инкишоф ва рушд, кишвари мо ба ботлоқи зӯроварӣ, фасод ва саркӯбгароӣ фурӯ рафт.
Соли 1992, вақте ки Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад, ин омадан пас аз худ саркӯбҳои шадид ва кушторҳои оммавиро ба ҳамроҳ дошт. Дар натиҷа, мардуми мо ба ҳолати тарсу таҳқир ва фишор дучор гардид. Ҳукумати Раҳмон низоме офарид, ки тамоми қудрат дар дасти як хонавода ҷамъ гардонида, ҳамаи соҳаҳои калидии зиндагии кишварро зери назорат худ гирифтаанд.
Ин диктатураи хонаводагӣ Эмомали Раҳмон боис шуд, ки тамоми қудрати иқтисодӣ ва сиёсии кишвар таҳти назорати хешовандони наздик ва афроди наздикаш қарор гиранд. Фасод дар тамоми сатҳҳои ҳукумат густурда гашта, мардум аз адолат ва ҳаққи худ маҳрум гаштанд. Имконоте, ки бояд барои рушди инфрасохтор, тандурустӣ ва маориф сарф мешуданд, дуздида шуда, ба ҷайби афроди хос хонаводаи Эмомали Раҳмон ворид гардиданд.
Имрӯзҳо ҳазорҳо афроди бегуноҳ ҳамчун зиндонии сиёсӣ дар зидон қарор доранд. Дар байни онҳо вакилони дифоъ, рӯзноманигорон, фаъолон, роҳбарони ҳизбҳо ва аъзоҳои оддии ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла ҳамватанони мо, ки барои адолат ва ҳуқуқи инсон мубориза бурдаанд, ҳастанд.
Ба ҷои шукуфоӣ ва истиқлолият, мардум маҷбур шуданд, ки барои зиндагии беҳтар ба муҳоҷират рӯ орад. Иқтисоди кишвар хароб шуда аксари шаҳрвандон дар зери хати фақр зиндагӣ мекунанд. Ҷумҳурие, ки метавонист намунаи рушд ва пешрафт бошад, ба майдони фитнаву тавтиаҳои хонаводагӣ ва ғанисозии доираи маҳдуди шахсиятҳои хонаводаи Эмомали Раҳмон табдил ёфтааст.
Бо вуҷуди ҳамаи ин, мо ба шуҷоат ва устувории мардумамон ифтихор дорем. Талошҳои шумо баҳри озодӣ ва адолат сутуданист. Мо бовар дорем, ки бо ҳамдили ва талоши муштарак мо метавонем истиқлоли ҳақиқии Тоҷикистонро барқарор кунем ва шароитро барои хушбахтии ҳамаи мардум фароҳам оварем.
Дар ин рӯзи ҷашн мо ҳамаи шуморо ба ваҳдат ва якдилӣ даъват мекунем. Танҳо бо ҳам метавонем ҳамаи душвориҳо ва мушкилоти пешомадаро паси сар кунем. Бигзор роҳи муштараки мо бо нури умед, сулҳ ва адолат рӯшан бошад.
Ба ҳамаи шумо сиҳатӣ, хушбахтӣ ва муваффақият дар ҳамаи корҳоятон орзу мекунем. Бигзор Тоҷикистон шукуфон гардад ва баҳри фардои шаҳрвандонаш рушд ёбад!
Бо эҳтиром
Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон.
9 сентябр 2024
Амстредам