Friday, October 18, 2024
No menu items!
HomeДар бораи моИзҳоротИзҳороти Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон

Изҳороти Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон

Дар робита ба ҷорӣ кардани таҳримҳо аз ҷониби Федератсияи Русия алайҳи аълоҳазрат Шоҳзода Карим Оқохони IV ва намояндагони Бунёди Оқохон

Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон ҷорӣ кардани таҳримҳо аз ҷониби Федератсияи Русия алайҳи аълоҳазрат Шоҳзода Карим Оқохони IV, пешвои рӯҳонии мусулмонони исмоилӣ дар тамоми ҷаҳон, инчунин алайҳи кормандони Бунёди Оқохонро қотеъона маҳкум мекунад! Ин даъвои ҳукумати Русия бешубҳа ноодилона ва якҷониба буда, ба муносибатҳои байни миллатҳо ва давлатҳо рахна ворид мекунад. Хусусан, бо назардошти саҳми беназире, ки Шоҳзода Карим Оқохон ва ташкилотҳои ӯ дар рушди бисёр кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон ва дар таъмини субот дар зиндагии мардум ин кишварҳо дошт.

Барои Тоҷикистон Шоҳзода Карим Оқохон бегона нест!

Барои Тоҷикистон Шоҳзода Карим Оқохон танҳо як пешвои рӯҳонӣ набуда, балки шахсияти таърихиест, ки нақши ӯ дар сарнавишти ҳамватанони мо бениҳоят муҳим будааст. Дар солҳои душвори Ҷанги шаҳрвандии 1992-1997, вақте ки мардуми мо дар остонаи фоҷиаи башарӣ қарор дошт, маҳз бо кӯшишҳои Оқохон аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз нобудӣ ва буҳрони камбуди ғизо наҷот ёфт. Кӯмаки башардӯстонаи ба зудӣ ташкилшуда аз ҷониби бунёди Оқохон саҳми беназире буд дар он солҳо. Пас аз анҷоми ҷанг ҳам, сохторҳои Оқохон фаъолияти худро идома дода, дар барқарорсозии Тоҷикистони баъдиҷангӣ саҳм гузошта, дар саросари Тоҷикистон мактабҳо, нуқтаҳои тиббӣ бунёд карда, деҳаҳои дурдастро бо оби ошомиданӣ таъмин мекарданд.

Ташкилотҳои Оқохон дар ҳифз ва рушди ҳувияти фарҳангӣ ва мазҳабии исмоилиёни Тоҷикистон, аз ҷумла тавассути бунёди ҷамоатхонаҳо, мактабу курсҳои ҳунаромӯзӣ дар Душанбе ва Хоруғ ва бунёди мактаби махсус дар Хоруғ нақши муҳим бозиданд. Мутаассифона, режими Раҳмон дар соли 2024 ин мактабро баст ва мо мутмаинем, ки сарчашмаи мушкилоти бунёди Оғохон бевосита аз Тоҷикистон ва маҳз аз режими Раҳмон маншаъ мегирад. Возеҳ аст, ки маҳз бо дахолати мақомоти Душанбе, Русия ба ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи ташкилоте, ки дар тамоми ҷаҳон танҳо бо фаъолияти башардӯстона ва маърифатӣ машҳур аст, рӯи кор гирифта шудааст.

Барои исмоилиён, Шоҳзода Карим Оқохон на танҳо як пешво, балки имоми зиндаи онҳо, роҳнамои рӯҳоние мебошад, ки аҳамияти ӯ аз доираи воқеиятҳои сиёсӣ ва дипломатӣ берун меравад. Ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи имоми зинда як иқдоми бесобиқаест, ки метавонад ҳамчун ҳамлаи мустақим ба ҳуқуқ ва озодиҳои динӣ ва садҳо ҳазор пайравони ӯ қабул шавад. Суоли одилонае пайдо мешавад: оё пайравони ӯ низ ба таври автоматӣ душмани Русия ҳисоб мешаванд?

Чунин амалҳо як заминаи хатарнокро эҷод мекунанд ва нигарониҳои ҷиддӣ дар бораи эҳтимолияти табъизи исмоилиён дар Русия ва Тоҷикистонро ба миён меоранд, инчунин таҳдид ба амалӣ кардани озодиҳои динӣ ва ҳуқуқи озодии эътиқодро эҷод мекунанд.

Фаъолияти ташкилотҳои Оқохон, ки дар кишварҳое ба мисли Қирғизистон, Афғонистон, Покистон, Канада, ИМА, Швейтсария, Португалия, Британияи Кабир ва кишварҳои Африка амал мекунанд, ҳамеша ба дастгирии табақаҳои заифи аҳолӣ равона шуда буд.

Ин ташкилотҳо ба мардуми камбизоат кӯмаки башардӯстона мерасонанд, лоиҳаҳои таълимӣ ва тиббиро инкишоф медиҳанд, ба беҳтар намудани сифати зиндагии мардум, новобаста аз миллат ва динашон, мусоидат мекунанд.

Федератсияи Русия кӯшиш мекунад, ки нуфузи Шоҳзода Карим Оқохонро коҳиш диҳад, бо дохил кардани ӯ ба рӯйхати таҳримҳо, ва фаъолияти башардӯстонаи ӯро, ки солҳост идома дорад, зери шубҳа мегузорад, ӯро ва пайравонашро дар қаламрави Русия бо суистифода аз қонун душмани давлат эълон мекунад.

Хусусан нигаронкунанда аст, аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки Русияро ҳамеша як кишвари дӯст мешумориданд ва миқдори хеле зиёди аҳолии ин минтақа дар Русия ба сар мебарад, пас аз ин чӣ бархурдеро интизор бояд шаванд. Ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи пешвои рӯҳонии онҳо метавонад муносибатро тағйир диҳад ва танишҳоро дар муносибатҳои байни мақомоти Тоҷикистон ва исмоилиёни Бадахшон зиёд кунад. Муносибатҳои таърихан печида метавонанд шиддат ёбанд, ки ин боиси оқибатҳои ҷиддӣ барои субот дар минтақа мегардад.

Муҳим аст, ки таъкид намоем, ки ҳатто дар замони Ҳокимияти Шӯравӣ дар муносибатҳо бо Оқохон ва пирони исмоилия як мувозинати муайяне вуҷуд дошт. Амалҳои имрӯзаи Русия ин тавозунро халалдор карда, тафриқаи фоҷиабореро ба вуҷуд меоранд. Мо дар ин иқдом як тамоюли хатарнокро мебинем, ки метавонад ба оқибатҳои ғайричашмдошт барои муносибатҳои байни давлатҳо ва ҷомеаҳои динӣ оварда расонад.

Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон тасмими мақомоти Русияро дар бораи ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи аълоҳазрат Шоҳзода Карим Оқохони IV ва кормандони Бунёди Оқохон қатъиян маҳкум мекунад. Ин амалҳо кӯшишҳоро барои таҳкими сулҳ ва ҳамкорӣ дар арсаи байналмилалӣ халалдор мекунанд, уфуқҳои нави хушунат ва муқовиматро эҷод мекунанд, ки дар ниҳоят на танҳо ба давлатҳои алоҳида, балки ба тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ зарар мерасонанд.

Роҳбари Ҷунбиши «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон»
Шарофиддин Гадоев
шаҳри Амстердам
22 августи соли 2024

RELATED ARTICLES

Most Popular

Recent Comments