Мо, аъзоёни Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон, боздошти ғайриқонунии рӯзноманигор ва муҳаррири нашрияи «Пайк» Ахмади Иброхимро шадидан маҳкум мекунем ва ин амали мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро поймоли ошкорои ҳуқуқҳои шаҳрванд медонем.
Озодии сухан ва мустақилияти матбуот ҳуқуқҳои бунёдии ҳар як ҷомеаи воқеан демократӣ мебошанд. Мо изҳор медорем, ки ҳар гуна фишор болои рӯзноманигорон барои фаъолияти касбии онҳо на танҳо ғайриқобили қабул аст, балки ҳамлаи ошкоро ба демократия ва арзишҳои асосии ҳуқуқи инсон маҳсуб мешавад. Мо талаб мекунем, ки Ахмади Иброхим фавран ва бидуни ҳеҷ шарт озод карда шавад ва ба таъқиби рӯзноманигорон дар Тоҷикистон ҳарчи зудтар хотима дода шавад.
Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз даҳ рӯзноманигор бо иттиҳомоти сохта, ки барои саркӯб кардани онҳо тарҳрезӣ шудаанд, дар зиндон қарор доранд. Дар байни онҳо Абдуқодир Рустам, Далер Имомалӣ, Абдулло Ғурбатӣ, Завқибеки Саидаминӣ, Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон, Хушрӯз Ҷумаев, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов ва дигарон мебошанд.
Ин иттиҳомҳои сохта бо айбномаҳои пуч, монанди экстремизм ва терроризм, танҳо барои фишор овардан ва хомӯш кардани садои дигарандешон ва мухолифон аз ҷониби режими Эмомалӣ Раҳмон истифода мешаванд. Ҷурми ягонаи онҳо ин аст, ки ҷуръат кардаанд ҳақиқатро ба иброз доранд.
Мо ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла созмонҳои ҳуқуқи инсон, кишварҳои демократӣ ва намояндагиҳои дипломатиро даъват мекунем, ки фавран ба ин қазия дахолат намуда, аз режими Эмомалӣ Раҳмон талаб кунанд, ки ҳамаи рӯзноманигорони ғайриқонунӣ боздоштшударо озод кунад ва ҳуқуқҳои бунёдии онҳоро таъмин намояд.
Илова бар ин, мо ба ҳукуматҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо муроҷиат мекунем, ки таҳримҳои сахти иқтисодӣ бар зидди режими Раҳмон ва атрофиёни наздики ӯ ҷорӣ намоянд. Мо бар онем, ки танҳо бо чунин тадбирҳои қатъӣ метавон вайронкуниҳои ошкорои ҳуқуқи инсон, саркӯби озодии матбуот ва таъқибҳои беасос ё бофта бар зидди ҷомеаи шаҳрвандиро пешгирӣ намоем.
Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон бо диққат ҷараёни вазъиятро назорат мекунад ва аз ҳамаи воситаҳои мавҷуда барои ҳимояи озодии сухан ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон истифода хоҳад бурд. Мо то он даме, ки овози ҳақиқат шунида нашавад ва онҳое, ки кӯшиш мекунанд онро хомӯш кунанд, ба ҷазои сазовор нарасанд, аз кӯшишҳои худ даст нахоҳем кашид.
Роҳбари Ҷунбиши «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон»
Шарофиддин Гадоев
шаҳри Амстердам
16 августи соли 2024